|
Мисоли олами ҳасти нестнамо ва олами нести ҳастнамоНестро бинмуд ҳасту мӯҳташам, Ҳастро бинмуд бар шакли адам. Баҳрро пӯшиду каф кард ошкор, Бодро пӯшиду бинмудат ғубор. Чун манорай хок печон дар ҳаво, Хок аз худ чун барояд бар уло? Хокро бинӣ ба боло, эй алил, Бодро не, ҷуз ба таърифи делел. Каф ҳамебинӣ равона ҳар тараф, Каффи бедарё надорад мунсараф. Каф ба ҳис биниву дарё аз далел, Фикр пинҳон, ошкоро қолу қил. Нафйро исбот мепиндоштем, Дидаи маъдумбине доштем. Дидае, к-андар нуъосе шуд падид, Кай тавонад ҷуз хаёлу нест дид? Лоҷарам саргашта гаштем аз залол, Чун ҳақиқат шуд ниҳон, пайдо хаёл. Ин адамро чун нишонд андар назар? Чун ниҳон кард он ҳақиқатро басар? Офарин, эй устоди сеҳрбоф, Ки намудӣ мӯъризонро дурд соф. Соҳирон маҳтоб паймоянд зуд Пеши бозаргону зар гиранд суд. Сим бирбоянд з-ин гун печ-печ, Сим аз каф рафтаву карбос ҳеч. Ин ҷаҳон ҷодуст, мо он тоҷирем, Ки аз ӯ маҳтоби паймуда харем. Газ кунад карбос, понсад газ, шитоб, Соҳирона ӯ зи нури моҳтоб. Чун ситад ӯ сими умрат, эй раҳӣ! Сим шуд, карбос не, киса тиҳӣ. «Қул аъуз»-ат хонд бояд, к-эй аҳад! Ҳин зи «наффосот» афғон в-аз «уқад». Медаманд андар гиреҳ он соҳирот, Ал-ғиёс! Ал-мустағос! Аз бурду мот. Лек бархон аз забони феъл низ, Ки забони қавл суст аст, эй азиз! Дар замона мар туро се ҳамраҳанд, Он яке вофиву ин ду ғадрманд: Он яке ёрону дигар рахту мол В-он севум вофист в-он ҳусну-л-фиъол. Мол н-ояд бо ту берун аз қусур, Ёр ояд, лек ояд то ба гӯр. Чун туро рӯзи аҷал ояд ба пеш, Ёр гӯяд аз забони ҳоли хеш, То бад-ин ҷо беш ҳамраҳ нестам, Бар сари гӯрат замоне бистам. Феъли ту вофист, з-ӯ кун мултаҳад, Ки дарояд бо ту дар қаъри лаҳад.
Саҳифаи 46/177 |