|
Дар тафсири қавли Мустафо алайҳиссалом: «ман ҷаъала-л-ҳумума ҳамман воҳидан, кафоҳу-л-лоҳу соира ҳумумиҳи ва ман тафаррақат биҳи-л-ҳумуму ло юболиллоҳу фи аййи водин аҳлакаҳ»Ҳушро тавзеъ кардӣ бар ҷиҳот, Менаярзад таррае он турраҳот. Оби ҳушро мекашад ҳар бехи хор, Оби ҳушат чун расад сӯйи симор? Ҳин, бизан он шохи бадро, хав кунаш, Об деҳ ин шохи хушро, нав кунаш. Ҳар ду сабзанд ин замон, охир нигар, К-ин шавад ботил, аз он рӯяд самар. Оби боғ инро ҳалол, онро ҳаром, Фарқро охир бибинӣ, вассалом. Адл чӣ бвад? Об деҳ ашҷорро, Зулм чӣ бвад? Об додан хорро. Адл вазъи неъмате дар мавзиъаш, На ба ҳар бехе, ки бошад обкаш. Зулм чӣ бвад? Вазъ дар номавзиъе, Ки набошад ҷуз балоро манбаъе. Неъмати Ҳақро ба ҷону ақл деҳ, На ба табъи пурзаҳири пургиреҳ. Бор кун бегори ғамро бар танат, Бар дилу ҷон кам неҳ он ҷон канданат. Бар сари Исо ниҳода танги бор, Хар сикеза мезанад дар марғзор. Сурмаро дар гӯш кардан шарт нест, Кори дилро ҷустан аз тан шарт нест. Гар дилӣ, рав ноз кун, хорӣ макаш В-ар танӣ, шаккар манӯшу заҳр чаш. Заҳр танро нофеъ асту қанд бад, Тан ҳамон беҳтар, ки бошад бемадад. Ҳезуми дӯзах тан асту кам кунаш В-ар бирӯяд ҳезуме, рав барканаш. В-арна ҳаммоли ҳатаб бошӣ, ҳатаб, Дар ду олам ҳамчу ҷуфти Бӯлаҳаб. Аз ҳатаб бишнос шохи сидраро, Гарчи ҳар ду сабз бошанд, эй фато. Асли он шох аст ҳафтум осмон, Асли ин шох аст аз нору духон. Ҳаст монандо ба сурат, пеши ҳис, Ки ғалатбин аст чашму кеши ҳис. Нест монандо ба пеши чашми дил, Ҷаҳд кун, сӯйи дил о, «ҷаҳду-л-мақил». В-ар надорӣ по, биҷунбон хешро, То бибинӣ ҳар каму бар бешро.
Саҳифаи 49/177 |