|
Дар маънии ин байт:Гар роҳ равӣ, роҳ барат бигшоянд. В-ар нест шавӣ, ба ҳастият бигроянд, Гар Зулайхо баст дарҳо ҳар тараф, Ёфт Юсуф ҳам зи ҷунбиш мунсараф. Боз шуд қуфлу дар ӯ шуд раҳ падид, Чун таваккул кард Юсуф, барҷаҳид. Гарчи рахна нест оламро падид, Хира юсуфвор мебояд давид. То гушояд қуфлу дар пайдо шавад, Сӯйи беҷойӣ шуморо ҷо шавад. Омадӣ андар ҷаҳон, эй мумтаҳан, Ҳеч мебинӣ тариқи омадан? Ту зи ҷойе омадӣ в-аз мавтине, Омаданро роҳ донӣ ҳеч? Не. Гар надонӣ, то нагӯйӣ роҳ нест, З-ин раҳи бероҳа моро рафтанест. Меравӣ дар хоб шодон чаппу рост, Ҳеч донӣ роҳи он майдон куҷост? Ту бибанд он чашму худ таслим кун, Хешро бинӣ дар он шаҳри куҳун. Чашм чун бандӣ? Ки сад чашми хумор, Банди чашми туст ин сӯ аз ғирор. Чорчашмӣ ту зи ишқи муштарӣ, Бар умеди меҳтариву сарварӣ. В-ар бихуспӣ, муштарӣ бинӣ ба хоб, Ҷуғди бад кай хоб бинад ҷуз хароб? Муштарӣ хоҳӣ ба ҳар дам печ-печ, Ту чӣ дорӣ, ки фурӯшӣ? Ҳеч, ҳеч. Гар дилатро нон будӣ, ё чошнӣ, Аз харидорон фароғат доштӣ.
Саҳифаи 50/177 |