|
Пурсидани он подшоҳ аз он муддаъии нубувват, ки он ки расули ростин бошад ва собит шавад, бо ӯ чӣ бошад, ки касеро бахшад, ё ба сӯҳбату хидмати ӯ чӣ бахшиш ёбанд ғайри насиҳат ба забон, ки мегӯяд?Шоҳ пурсидаш, ки боре ваҳй чист? Ё чӣ ҳосил дорад он кас, к-ӯ набист? Гуфт: «Худ он чист, к-аш ҳосил нашуд? Ё чӣ давлат монд, к-ӯ восил нашуд?» Гирам ин ваҳйи набӣ ганҷур нест, Ҳам кам аз ваҳйи дили занбӯр нест. Чунки «авҳо рабб ила-н-наҳл» омадаст, Хонаи ваҳяш пур аз ҳалво шудаст. ӯ ба нури ваҳйи Ҳақ азза ва ҷалл, Кард оламро пур аз шамъу асал. Ин ки «каррамно»-сту боло меравад, Ваҳяш аз занбӯр камтар кай бувад? На ту «аътайнока Кавсар» хондаӣ? Пас, чаро хушкеву ташна мондаӣ? Ё магар Фиръавниву Кавсар чу Нил Бар ту хун гаштасту нохуш, эй алил! Тавба кун, безор шав аз ҳар адӯ, К-ӯ надорад оби Кавсар дар каду. Ҳар киро дидӣ зи Кавсар сурхрӯ, ӯ муҳаммадхӯст, бо ӯ гир хӯ. То аҳаблиллоҳ ойӣ дар ҳисеб, К-аз дарахти аҳмадӣ бо ӯст себ. Ҳар киро дидӣ зи Кавсар хушклаб, Душманаш медор ҳамчун маргу таб. Гарчи бобои ту асту моми ту, К-ӯ ҳақиқат ҳаст хуношоми ту. Аз Халили Ҳақ биёмӯз ин сияр, Ки шуд ӯ безор аввал аз падар. То ки «абғаз лиллаҳ» ойӣ пеши Ҳақ, То нагирад бар ту рашки ишқ дақ. То нахонӣ «ло»-ву «иллаллоҳ»-ро, Дарнаёбӣ минҳаҷи ин роҳро.
Саҳифаи 55/177 |