Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Тамсили талқини шайх муридонро ва паёмбари умматро, ки эшон тоқати талқини Ҳақ надоранд ва бо Ҳақ улфат надоранд, чунонки тӯтӣ бо сурати одамӣ улфат надорад, ки аз ӯ талқин тавонад гирифт. Ҳақ таъоло шайхро чун ойинае пеши муриди ҳамчу тӯтӣ дорад ва аз паси ойина талқин мекунад, ки «ло туҳаррик биҳи лисонака ин ҳува илло ваҳйун юҳо». Ин аст ибтидои масъалаи бемунтаҳо, чунонки минқор ҷунбонидани тӯтӣ андаруни ойина, ки хаёлаш мехонӣ, беихтиёр ва тасарруфи ӯст, акси хондани тӯтии бурунӣ, ки мутааллим аст, на акси он муаллим, ки паси ойина аст, валекин хондани тӯтии бурунӣ тасарруфи он муаллим аст. Пас, ин мисол омад, на масал.

Тӯтие дар ойина мебинад ӯ,
Акси худро пеши ӯ оварда рӯ.
Дар пайи ойина он усто ниҳон,
Ҳарф мегӯяд адиби хушзабон.
Тӯтияк пиндошта, к-ин гуфти паст
Гуфтани тӯтист, к-андар ойинаст.
Пас зи ҷинси хеш омӯзад сухан
Бехабар аз макри он гурги куҳан.
Аз паси ойина меомӯзадаш
В-арна н-омӯзад ҷуз аз ҷинси х(в)адаш.
Гуфтро омӯхт з-он марди ҳунар,
Лек аз маъниву сирраш бехабар.
Аз башар бигрифт мантиқ як ба як,
Аз башар ҷуз ин чӣ донад тӯтияк?
Ҳамчунон дар ойинай ҷисми валӣ
Хешро бинад муриди мумталӣ.
Аз паси ойина ақли куллро
Кай бибинад вақти гуфту моҷаро?
ӯ гумон дорад, ки мегӯяд башар
В-он дигар сирр асту ӯ з-он бехабар.
Ҳарф омӯзад, вале сирри қадим
ӯ надонад, тӯтӣ аст ӯ, не надим.
Ҳам сафири мурғ омӯзанд халқ,
К-ин сухан кори даҳон афтоду ҳалқ.
Лек аз маънии мурғон бехабар,
Ҷуз Сулаймони қироний хушназар.
Ҳарф дарвешон басе омӯхтанд,
Минбару маҳфил бад-он афрӯхтанд.
Ё ба ҷуз он ҳарфашон рӯзӣ набуд,
Ё дар охир раҳмат омад, раҳ намуд.

60/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj