Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Қиссаи аҳли Зарвон ва ҳасади эшон бар дарвешон, ки «падари мо аз салимӣ ағлаби дахли боғро ба мискинон медод». Чун ангур будӣ, ушр додӣ ва чун мавизу дӯшоб шудӣ, ушр додӣ ва чун ҳалвову полуда кардӣ, ушр дорӣ ва аз қасил ушр додӣ ва чун дар хирман кӯфтӣ, аз каффаи омехта ушр додӣ ва чун гандум аз коҳ ҷудо шудӣ, ушр додӣ ва чун орд кардӣ, ушр додӣ ва чун хамир кардӣ, ушр додӣ ва чун нон кардӣ, ушр додӣ. Лоҷарам Ҳақ таъоло дар он боғу кишт баракате ниҳода буд, ки ҳамаи асҳоби боғҳо мӯҳтоҷи ӯ будандӣ, ҳам ба мева ва ҳам ба сим ӯ мӯҳтоҷи ҳеч кас не аз эшон. Фарзандонашон харҷи ушр медиданд мукаррар ва он баракатро намедиданд, ҳамчун он зани бадбахт, ки харро дид у кадуро надид

Буд марде, солуҳе, раббоние,
Ақли комил дошту поёндоние.
Дар деҳи Зарвон ба наздики Яман,
Шӯҳра андар садқаву хулқи ҳасан.
Каъбаи дарвеш будӣ кӯйи ӯ,
Омадандӣ мустамандон сӯйи ӯ.
Ҳам зи хӯша ушр додӣ бериё,
Ҳам зи гандум чун шудӣ аз каҳ ҷудо.
Орд гаштӣ, ушр додӣ ҳам аз он,
Нон шудӣ, ушри дигар додӣ зи нон.
Ушри ҳар дахле фурӯ нагзоштӣ,
Чорбора додӣ з-он чӣ коштӣ.
Бас васиятҳо бигуфтӣ ҳар замон,
Ҷамъи фарзандони худро он ҷавон:
«Аллаҳ, аллаҳ қисми мискин баъди ман
Вомагиредаш зи ҳирси хештан
То бимонад бар шумо кишту симор
Дар паноҳи тоати Ҳақ пойдор.
Дахлҳову меваҳо ҷумла зи ғайб
Ҳақ фиристодаст бетахмину райб.
Дар маҳалли дахл агар харҷе кунӣ,
Даргаҳи суд аст, суде барзанӣ».
Турк ағлаб дахлро дар киштзор
Бозкорад, ки вай аст асли симор.
Бештар корад, хӯрад з-он андаке,
Ки надорад дар бирӯйидан шаке.
З-он бияфшонад ба киштан турк даст,
К-он ғала-ш ҳам з-он замин ҳосил шудаст.
Кафшгар ҳам он чӣ афзояд зи нон,
Мехарад чарму адиму сахтиён
Ки усули дахлам инҳо будаанд,
Ҳам аз инҳо мегушояд ризқ банд.
Дахл аз он ҷо омадасташ лоҷарам,
Ҳам дар он ҷо мекунад доду карам.
Ин замину сахтиён пардасту бас,
Асли рӯзӣ аз Худо дон ҳар нафас.
Чун бикорӣ, дар замини асл кор,
То бирӯяд ҳар якеро сад ҳазор.
Гирам акнун тухмро гар коштӣ,
Дар замине, ки сабаб пиндоштӣ,
Чун ду-се сол он нарӯяд, чун кунӣ?
Ҷуз ки дар лоба-в дуъо каф дарзанӣ.
Даст бар сар мезанӣ пеши Илоҳ,
Дасту сар бар додани ризқаш гувоҳ.
То бидонӣ асли асли ризқ ӯст,
То ҳам ӯро ҷӯяд он ки ризқҷӯст.
Ризқ аз вай ҷӯ, маҷӯ аз Зайду Амр,
Мастӣ аз вай ҷӯ, маҷӯ аз бангу хамр.
Тонгарӣ з-ӯ хоҳ, на аз ганҷу мол,
Нусрат аз вай хоҳ, на аз амму хол.
Оқибат з-инҳо бихоҳӣ мондан,
Ҳин, киро хоҳӣ дар он дам хондан?
Ин дам ӯро хону боқиро бимон,
То ту бошӣ вориси мулки ҷаҳон.
Чун «яфирру-л-маръу» ояд «мин ахиҳ»,
«Яҳрабу-л-мавлуду явман мин абиҳ».
З-он шавад ҳар дӯст он соат адӯ,
Ки бути ту буду аз раҳ монеъ ӯ.
Рӯй аз наққоши румӣ тофтӣ,
Чун зи нақше унси дил меёфтӣ.
Ин дам ар ёрон-т бо ту зид шаванд
В-аз ту баргарданду дар хасмӣ раванд.
Ҳин, бигӯ: «Нак, рӯзи ман пирӯз шуд,
Он чӣ фардо хост шуд, имрӯз шуд.
Зидди ман гаштанд аҳли ин саро,
То қиёмат айн шуд пешин маро.
Пеш аз он ки рӯзгори худ барам,
Умр бо эшон ба поён оварам.
Колаи маъюб бихрида будам,
Шукр, к-аз айбаш пагаҳ воқиф шудам».
Пеш аз он к-аз даст сармоя шудӣ,
Оқибат маъюб берун омадӣ.
Мол рафта, умр рафта, эй насиб,
Молу ҷон дода пайи колай маъиб.
Рахт додам, зарри қалбе бистадам,
Шод-шодон сӯйи хона мешудам.
Шукр, к-ин зар қалб пайдо шуд кунун,
Пеш аз он ки умр бигзаштӣ фузун.
Қалб мондӣ то абад дар гарданам,
Ҳайф будӣ умр зоеъ карданам.
Чун пагаҳтар қалбии ӯ рӯ намуд,
Пойи худ з-ӯ вокашам ман зуд-зуд.
Ёри ту чун душмане пайдо кунад,
Гарри ҳиқду рашки ӯ берун занад.
Ту аз он эърози ӯ афғон макун,
Хештанро аблаҳу нодон макун.
Балки шукри Ҳақ куну нон бахш кун,
Ки нагаштӣ дар ҷуволи ӯ куҳун.
Аз ҷуволаш зуд берун омадӣ,
То биҷӯйӣ ёри сидқи сармадӣ.
Нозанин ёре, ки баъд аз марги ту
Риштаи ёрии ӯ гардад сетӯ.
Он магар султон бувад, шоҳи рафеъ,
Ё бувад мақбули султону шафеъ.
Растӣ аз қаллобу солусу дағал,
Ғурри ӯ дидӣ аён пеш аз аҷал.
Ин ҷафои халқ бо ту дар ҷаҳон,
Гар бидонӣ, ганҷи зар омад ниҳон.
Халқро бо ту чунин бадхӯ кунанд,
То туро ночор рӯ з-он сӯ кунанд.
Ин яқин дон, ки дар охир ҷумлашон,
Хасм гарданду адӯву саркашон.
Ту бимонӣ бо фиғон андар лаҳад,
«Ло тазарнӣ фард» хоҳон аз аҳад:
«Эй ҷафоят беҳ зи аҳди вофиён,
Ҳам зи доди туст шаҳди вофиён».
Бингар аз ақли худ, эй анбордор,
Гандуми худро ба арзиллаҳ супор.
То шавад эмин зи дузду аз шапуш,
Девро бо девча зутар бикуш.
К-ӯ ҳаметарсонадат ҳар дам зи фақр,
Ҳамчу кабкаш сайд кун, эй наррасақр.
Бози султони азизи комёр
Нанг бошад, ки кунад кабкаш шикор.
Бас васийят карду тухми ваъз кошт,
Чун заминшон шӯра буд, суде надошт.
Гарчи носеҳро бувад сад доъия,
Пандро изне бибояд воъия.
Ту ба сад талтиф пандаш медиҳӣ,
ӯ зи пандат мекунад паҳлӯ тиҳӣ.
Як каси номустамеъ з-истезу рад
Сад каси гӯяндаро оҷиз кунад.
З-анбиё носеҳтару хушлаҳҷатар
Кӣ бувад? Ки-грифт дамшон дар ҳаҷар.
З-он чӣ кӯҳу санг дар кор омаданд,
Менашуд бадбахтро бигшода банд.
Ончунон дилҳо, ки будшон мову ман,
Наъташон шуд: «бал ашадду қасватан».

Саҳифаи 62/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj