Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Баёни он ки атои Ҳақ ва қудрат мавқуфи қобилийят нест, ҳамчун доди халқон, ки онро қобилийят бояд, зеро ато қадим асту қобилийят ҳодис, ато сифати Ҳақ аст ва қобилийят сифати махлуқ ва қадим мавқуфи ҳодис набошад вагарна ҳудус муҳол бошад

Чораи он дил атои мубдилист,
Доди ӯро қобилийят шарт нест.
Балки шарти қобилийят доди ӯст,
Дод луббу қобилийят ҳаст пӯст.
Ин ки Мӯсоро асо сӯъбон шавад,
Ҳамчу хуршеде кафаш рахшон шавад.
Садҳазорон мӯъҷизоти анбиё,
К-он нагунҷад дар замиру ақли мо.
Нест аз асбоб, тасрифи Худост,
Нестҳоро қобилийят аз куҷост?
Қобилӣ гар шарти феъли Ҳақ будӣ,
Ҳеч маъдуме ба ҳастӣ н-омадӣ.
Суннате бинҳоду асбобу туруқ
Толибонро зери ин азрақ тутуқ.
Бештар аҳвол бар суннат равад,
Гоҳ қудрат хориқи суннат шавад.
Суннату одат ниҳода бо маза,
Боз карда хирқи одат мӯъҷиза.
Бесабаб гар из ба мо мавсул нест,
Қудрат аз азли сабаб маъзул нест.
Эй гирифтори сабаб, берун мапар,
Лек азли он мусаббиб зан мабар.
Ҳарчи хоҳад, он мусаббиб оварад,
Қудрати мутлақ сабабҳо бардарад.
Лек ағлаб бар сабаб ронад нафоз,
То бидонад толибӣ ҷустан мурод.
Чун сабаб набвад, чӣ раҳ ҷӯяд мурид?
Пас сабаб дар роҳ мебояд падид.
Ин сабабҳо бар назарҳо пардаҳост,
Ки на ҳар дидор сунъашро сазост.
Дидае бояд, сабаб сӯрох кун,
То ҳуҷубро барканад аз беху бун.
То мусаббиб бинад андар ломакон,
Ҳарза донад ҷаҳду аксобу дукон.
Аз мусаббиб мерасад ҳар хайру шар,
Нест асбобу васоит, эй падар!
Ҷуз хаёле мунъақид бар шоҳроҳ,
То бимонад дур ғафлат чанд гоҳ.

63/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj