Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Дар ибтидои хилқати ҷисми Одам алайҳиссалом, ки Ҷабрайил алайҳиссаломро ишорат кард, ки бирав, аз замин муште хок баргир ва ба ривояте дигар аз ҳар навоҳӣ мушт-мушт баргир

Чунки сонеъ хост эҷоди башар,
Аз барои ибтилои хайру шар.
Ҷабрайили сидқро фармуд: «Рав,
Мушти хоке аз замин бистон гарав.
ӯ миён басту биёмад то замин,
То гузорад амри Раббулъоламин.
Даст сӯйи хок бурд он мӯътамир,
Хок худро даркашиду шуд ҳазир.
Пас забон бигшод хоку лоба кард,
К-аз барои ҳурмати халлоқи фард
Тарки ман гӯву бирав, ҷонам бибахш,
Рав, битоб аз ман инони хинги рахш.
Дар кашокашҳои таклифу хатар
Баҳри лиллаҳ ҳил маро, андармабар.
Баҳри он лутфе, ки Ҳаққат баргузид,
Кард бар ту илми лавҳи кул падид.
То малоикро муаллим омадӣ
Доимо бо Ҳақ мукаллим омадӣ.
Ки сафири анбиё хоҳӣ будан,
Ту ҳаёти ҷони ваҳйӣ, не бадан.
Бар Сирофилат фазилат буд аз он,
К-ӯ ҳаёти тан бувад, ту они ҷон.
Бонги сураш нашъати танҳо бувад,
Нафхи ту нашви дили якто бувад.
Ҷони ҷони тан ҳаёти дил бувад,
Пас зи додаш доди ту фозил бувад.
Боз Микойил ризқи тан диҳад,
Саъйи ту ризқи дили рӯшан диҳад.
ӯ ба доди кайл пур кардаст зайл,
Доди ризқи ту намегунҷад ба кайл.
Ҳам зи Азройили боқаҳру атаб
Ту беҳӣ, чун сабқи раҳмат бар ғазаб.
Ҳомили арш ин чаҳоранду ту шоҳ,
Беҳтарини ҳар чаҳорӣ з-интибоҳ.
Рӯзи маҳшар ҳашт бинӣ ҳомилон-ш,
Ҳам ту бошӣ афзали ҳашт он замон-ш.
Ҳамчунин бармешумурду мегирист,
Бӯй мебурд ӯ, к-аз ин мақсуд чист.
Маъдани шарму ҳаё буд Ҷабрайил,
Баст он савгандҳо бар вай сабил.
Баски лоба кардашу савганд дод,
Бозгашту гуфт: «Ё раббулибод.
Ки набудам ман ба корат сарсарӣ,
Лек з-он чӣ рафт, ту донотарӣ.
Гуфт: «Номе, ки зи ҳавлаш, эй басир!
Ҳафт гардун боз монад аз масир,
Шармам омад, гаштам аз номат хиҷил
В-арна осон аст нақли мушти гил.
Ки ту зӯре додаӣ амлокро,
Ки бидарронанд ин афлокро».

Саҳифаи 64/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj