Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Фиристодан Исрофилро алайҳиссалом ба хок, ки ҳафнае баргир аз хок баҳри таркиби ҷисми Одам алайҳиссалом

Гуфт Исрофилро Яздони мо,
Ки бирав з-он хок пур кун каф, биё.
Омад Исрофил ҳам сӯйи замин,
Боз оғозид хокистон ҳанин.
К-эй фариштай суру эй баҳри ҳаёт,
Ки зи дамҳои ту ҷон ёбад мавот.
Дардамӣ аз сур як бонги азим,
Пур шавад маҳшар, халоиқ аз рамим.
Дардамӣ дар сур, гӯйӣ: «Ас-сало,
Барҷаҳед, эй куштагони Карбало.
Эй ҳалокатдидагон аз теғи марг,
Барзанед аз хок сар чун шоху барг».
Раҳмати ту в-он дами гирои ту,
Пур шавад ин олам аз эҳёи ту.
Ту фариштай раҳматӣ, раҳмат намо,
Ҳомили аршиву қиблай додҳо.
Арш маъдангоҳи доду маъдилат,
Чор ҷӯ дар зери ӯ пурмағфират.
Ҷӯйи ширу ҷӯйи шаҳди ҷовидон,
Ҷӯйи хамру Даҷлаи оби равон.
Пас зи арш андар биҳиштистон равад,
Дар замин ҳам чизаке зоҳир шавад.
Гарчи олудаст ин ҷо он чаҳор,
Аз чӣ? Аз заҳри фанову ногувор.
Ҷуръае бар хоки тира рехтанд
З-он чаҳору фитнае ангехтанд.
То биҷӯянд асли онро ин хасон,
Худ бар ин қонеъ шуданд ин нокасон.
Шир доду парвариш атфолро,
Чашма кардӣ синаи ҳар золро.
Хамр дафъи ғуссаву андешаро
Чашма карда аз инаб дар иҷтиро.
Ангубин доруи тан ранҷурро
Чашма карда ботини занбӯрро.
Об додӣ ом аслу фаръро,
Аз барои туҳру баҳри каръро.
То аз инҳо пай барӣ сӯйи усул,
Ту бар ин қонеъ шудӣ, эй булфузул?
Бишнав акнун моҷарои хокро,
Ки чӣ мегӯяд фусун меҳрокро.
Пеши Исрофил гашта ӯ абус,
Мекунад сад гуна шаклу чоплус.
Ки ба ҳаққи зоти поки зулҷалол,
Ки мадор ин қаҳрро бар ман ҳалол.
Ман аз ин тақлиб бӯйе мебарам,
Бадгумонӣ медавад андар сарам.
Ту фариштай раҳматӣ, раҳмат намо,
З-он ки мурғеро наёзорад ҳумо.
Эй шифову раҳмати асҳоби дард,
Ту ҳамон кун, к-он ду некӯкор кард.
Зуд Исрофил бозомад ба шоҳ,
Гуфт узру моҷаро назди Илоҳ,
К-аз бурун фармон бидодӣ, ки бигир,
Акси он илҳом додӣ дар замир?
Амр кардӣ дар гирифтан сӯйи гӯш,
Наҳй кардӣ аз қасоват сӯйи ҳуш?
Сабқи раҳмат гашт ғолиб бар ғазаб,
Эй бадеъафъолу некӯкор раб».

Саҳифаи 67/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj