Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Фиристодан Азройил малакулазм ва-л-ҳазмро алайҳиссалом ба баргирифтани ҳафнае хок, то шавад ҷисми Одами чолок алайҳиссалом

Гуфт Яздон зуд Азройилро,
Ки бибин он хоки пуртахйилро.
Он зиъифи золи золимро биёб,
Мушти хоке ҳин, биёвар бошитоб.
Рафт Азройил, сарҳанги қазо
Сӯйи куррай хок баҳри иқтизо.
Хок бар қонун нафир оғоз кард,
Дод савгандаш, басе савганд х(в)ард.
К-эй ғуломи хос в-эй ҳаммоли арш!
Эй мутоъу-л-амр андар аршу фарш.
Рав, ба ҳаққи раҳмати раҳмони фард,
Рав, ба ҳаққи он ки бо ту лутф кард.
Ҳаққи шоҳе, ки ҷуз ӯ маъбуд нест,
Пеши ӯ зории кас мардуд нест».
Гуфт: «Натвонам бад-ин афсун, ки ман
Рӯ битобам з-омири сирру алан».
Гуфт: «Охир амр фармуд ӯ ба ҳилм,
Ҳар ду амранд, он бигир аз роҳи илм».
Гуфт: «Он таъвил бошад, ё қиёс,
Дар сареҳи амр кам ҷӯ илтибос.
Фикри худро гар кунӣ таъвил, беҳ,
Ки кунӣ таъвили ин номуштабеҳ.
Дил ҳамесӯзад маро бар лобаат,
Синаам пурхун шуд аз шӯробаат.
Нестам бераҳм, бал з-он ҳар се пок
Раҳм беш астам зи дарди дарднок.
Гар тапонча мезанам ман бар ятим
В-ар диҳад ҳалво ба дасташ он ҳалим.
Ин тапонча хуштар аз ҳалвои ӯ
В-ар шавад ғарра ба ҳалво, войи ӯ.
Бар нафири ту ҷигар месӯзадам,
Лек Ҳақ лутфе ҳамеомӯзадам.
Лутфи махфӣ дар миёни қаҳрҳо,
Дар ҳадас пинҳон ақиқи бебаҳо.
Қаҳри Ҳақ беҳтар зи сад ҳилми ман аст,
Манъ кардан ҷон зи Ҳақ ҷон кандан аст.
Баттарин қаҳраш беҳ аз ҳилми ду кавн,
Неъма Раббулоламину неъма авн.
Лутфҳои музмар андар қаҳри ӯ,
Ҷон супурдан ҷон физояд баҳри ӯ.
Ҳин, раҳо кун, бадгумониву залол,
Сар қадам кун чунки фармудат «таъол».
Он «таъол»-и ӯ таъолиҳо диҳад,
Мастиву ҷуфти ниҳолиҳо диҳад.
Боре, он амри саниро ҳеч-ҳеч
Ман наёрам кард ваҳну печ-печ.
Ин ҳама бишнид он хоки нажанд,
З-он гумони бад будаш дар гӯш банд.
Боз аз навъе дигар он хоки паст
Лобаву саҷда ҳамекард ӯ чу маст.
Гуфт: «На, бархез, набвад з-ин зиён,
Ман сару ҷон м-ениҳам раҳну замон.
Лоба мандешу макун лоба дигар
Ҷуз бад-он шоҳи раҳими додгар.
Бандафармонам, наёрам тарк кард
Амри ӯ, к-аз баҳр ангезид гард.
Ҷуз аз он халлоқи гӯшу чашму сар,
Нашнавам аз ҷони худ ҳам хайру шар.
Гӯши ман аз гуфти ғайри ӯ кар аст,
ӯ маро аз ҷони ширин ҷонтар аст.
Ҷон аз ӯ омад, наёмад ӯ зи ҷон,
Садҳазорон ҷон диҳад ӯ ройгон.
Ҷон кӣ бошад, к-иш гузинам бар карим?
Кайк чӣ бвад, ки бисӯзам з-ӯ гилем?
Ман надонам хайр, илло хайри ӯ,
Сумму букму умй ман аз ғайри ӯ.
Гӯши ман карр аст аз зорикунон,
Ки манам дар каффи ӯ ҳамчун синон.

Саҳифаи 68/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵