Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ҷавоби он муғаффал, ки гуфтааст хуш будӣ ин ҷаҳон, агар марг набудӣ ва хуш будӣ мулки дунё, агар заволаш набудӣ «ва ало ҳозиҳи-л-ватирати мина-л-фушорот»

Он яке мегуфт: «Хуш будӣ ҷаҳон,
Гар набудӣ пойи марг андар миён».
Он дигар гуфт: «Ар набудӣ марг ҳеч,
Гуҳ наярзидӣ ҷаҳони печ-печ.
Хирмане будӣ ба дашт афрошта,
Мӯҳмалу нокӯфта бигзошта.
Маргро ту зиндагӣ пиндоштӣ,
Тухмро дар шӯрахоке коштӣ.
Ақли козиб ҳаст худ маъкусбин,
Зиндагиро марг бинад, эй ғабин!»
Эй Худо, бинмой ту ҳар чизро,
Ончунон ки ҳаст дар ҳадясаро.
Ҳеч мурда нест пурҳасрат зи марг,
Ҳасраташ он аст, к-иш кам буд барг.
В-арна аз чоҳе ба саҳро уфтод
Дар миёни давлату айшу гушод.
З-ин мақоми мотаму нангин мунох,
Нақл афтодаш ба саҳрои фарох.
Мақъади сидқе, на айвони дурӯғ,
Бодаи хосе, на мастие зи дӯғ.
Мақъади сидқу ҷалисаш Ҳақ шуда,
Раста з-ин обу гили оташкада.
В-ар накардӣ зиндагонии мунир,
Як ду дам мондаст, мардона бимир.

Саҳифаи 72/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj