Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Қиссаи Аёз ва ҳуҷра доштани ӯ ҷиҳати чоруқ ва пӯстин ва гумон омадан хоҷатошонашро, ки ӯро дар он ҳуҷра дафина аст, ба сабаби муҳкамии дару гаронии қуфл

Он Аёз аз зиракӣ ангехта,
Пӯстину чоруқаш овехта.
Меравад ҳар рӯз дар ҳуҷра, хало:
«Чоруқат ин аст, мангар дар уло».
Шоҳро гуфтанд: «ӯро ҳуҷраест,
Андар он ҷо зарру симу хумраест.
Роҳ менадҳад касеро андар ӯ,
Баста медорад ҳамеша он дар ӯ».
Шоҳ фармуд: «Эй аҷаб! Он бандаро
Чист худ пинҳону пӯшида зи мо?»
Пас ишорат кард миреро, ки «Рав,
Нимшаб бигшою андар ҳуҷра шав.
Ҳар чӣ ёбӣ, мар туро, яғмош кун,
Сирри ӯро бар надимон фош кун.
Бо чунин икрому лутфи беадад
Аз лаъимӣ симу зар пинҳон кунад?
Менамояд ӯ вафову ишқу ҷӯш
В-он гаҳ ӯ гандумнамои ҷавфурӯш.
Ҳар кӣ андар ишқ ёбад зиндагӣ,
Куфр бошад пеши ӯ ҷуз бандагӣ».
Нимшаб он мир бо сӣ мӯътамад
Дар гушоди ҳуҷраи ӯ рой зад.
Машъала баркарда чандин паҳлавон,
Ҷониби ҳуҷра равона, шодмон.
К-амри султон аст, бар ҳуҷра занем,
Ҳар яке ҳамёни зар дар каш кунем.
Он яке мегуфт: «Ҳай, чӣ ҷойи зар?
Аз ақиқу лаъл гӯю аз гуҳар.
Хоси хоси махзани султон вай аст,
Балки акнун шоҳро худ ҷон вай аст.
Чӣ маҳал дорад ба пеши ин ашиқ
Лаълу юқуту зумуррад ё ақиқ?»
Шоҳро бар вай набудӣ бад гумон,
Тасхуре мекард баҳри имтиҳон.
Пок медонисташ аз ҳар ғашшу ғил,
Боз аз ваҳмаш ҳамеларзид дил
Ки мабодо к-ин бувад, хаста шавад,
Ман нахоҳам, ки бар ӯ хиҷлат равад.
Ин накардаст ӯву гар кард ӯ, равост,
Ҳар чӣ хоҳад, гӯ, бикун, маҳбуби мост.
Ҳар чӣ маҳбубам кунад, ман кардаам,
ӯ манам, ман ӯ, чӣ гар дар пардаам.
Боз гуфтӣ: «Дур аз он хӯву хисол
Инчунин тахлит жож асту хаёл.
Аз Аёз ин худ муҳол асту баъид,
К-ӯ яке дарёст, қаъраш нопадид.
Ҳафт дарё андар ӯ як қатрае,
Ҷумлаи ҳастӣ зи мавҷаш чакрае.
Ҷумла покиҳо аз он дарё баранд,
Қатраҳояш як ба як миногаранд.
Шоҳи шоҳон асту балки шоҳсоз
В-аз барои чашми бад номаш Аёз.
Чашмҳои нек ҳам бар вай бад аст,
Аз раҳи ғайрат, ки ҳуснаш беҳад аст».
Як даҳон хоҳам ба паҳнои фалак,
То бигӯям васфи он рашки малак
В-ар даҳон ёбам чунину сад чунин,
Танг ояд дар фиғони ин ҳанин.
Ин қадар гар ҳам нагӯям, эй санад!
Шишаи дил аз заъифӣ бишканад.
Шишаи дилро чу нозук дидаам,
Баҳри таскин бас қабо бидридаам.
Ман сари ҳар моҳ се рӯз, эй санам!
Бегумон бояд, ки девона шавам.
Ҳин, ки имрӯз аввали серӯза аст,
Рӯзи пирӯз аст, на пирӯза аст.
Ҳар диле, к-андар ғами шаҳ мебувад,
Дам ба дам ӯро сари маҳ мебувад.
Қиссаи Маҳмуду авсофи Аёз,
Чун шудам девона, рафт акнун зи соз.

74/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj