Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Абушакури Балхӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Баёни он ки он чӣ баён карда мешавад, сурати қисса аст ва он ки он суратест, ки дархурди ин суратгирон аст ва дархурди ойинаи тасвири эшон ва аз қуддусийяте, ки ҳақиқати ин қиссарост, нутқро аз ин танзил шарм меояд ва аз хиҷолат сару ришу қалам гум мекунад ва «ал-оқилу якфиҳи-л-ишора»

З-он ки пилам дид Ҳиндустон ба хоб,
Аз хароҷ уммед бур, деҳ шуд хароб.
«Кайфа яъти-н-назму лӣ ва-л-қофия,
Баъда мо соат усулу-л-офия.
Мо ҷунунун воҳидун лӣ фӣ-ш-шуҷун,
Бал ҷунунун фӣ ҷунунин фӣ ҷунун.
Зота ҷисми мин ишороти-л-куно,
Мунзу оянту-л-бақоа, фи-л-қано.»
Эй Аёз, аз ишқи ту гаштам чу мӯй,
Мондам аз қиссай ту, қиссай ман бигӯй.
Бас фасонай ишқи ту хондам ба ҷон,
Ту маро, к-афсона гаштастам, бихон.
Худ ту мехонӣ, на ман эй муқтадо,
Ман куҳи Тӯрам, ту Мӯсо в-ин садо.
Кӯҳи бечора чӣ донад гуфт чист?
З-он ки Мӯсо мебидонад, куҳ тиҳист.
Кӯҳ медонад ба қадри хештан,
Андаке дорад зи лутфи рӯҳ тан.
Тан чу устурлоб бошад з-эҳтисоб,
Ояте аз рӯҳи ҳамчун офтоб.
Он мунаҷҷим чун набошад чашмтез,
Шарт бошад марди устурлобрез.
То сутурлобе кунад аз баҳри ӯ,
То барад аз ҳолати хуршед бӯ.
Ҷон, к-аз устурлоб ҷӯяд ӯ савоб,
Чӣ қадар донад зи чарху офтоб?
Ту ки з-устурлоби дида бингарӣ,
Дар ҷаҳон дидан яқин бас қосирӣ.
Ту ҷаҳонро қадри дида дидаӣ,
Ку ҷаҳон? Сиблат чаро молидаӣ?
Орифонро сурмае ҳаст, он биҷӯй,
То ки дарё гардад ин чашми чу ҷӯй.
Заррае аз ақлу ҳуш ар бо ман аст,
Ин чӣ савдову парешон гуфтан аст?
Чунки мағзи ман зи ақлу ҳуш тиҳист,
Пас гуноҳи ман дар ин тахлит чист?
На гуноҳ ӯрост, ки ақлам бибурд,
Ақли ҷумла оқилон пешаш бимурд.
«Ё муҷира-л-ақл фаттона-л-ҳиҷо,
Мо сивока ли-л-уқули муртаҷо.
Маштаҳайту-л-ақла муз ҷаннантанӣ,
Мо ҳасадта-л-ҳусна муз заййантанӣ.
Ҳал ҷунунӣ фӣ ҳалока мустатоб?
Қул: бало валлоҳу юҷзика-с-савоб».
Гар ба тозӣ гӯяд ӯ в-ар порсӣ,
Гӯшу ҳуше ку, ки дар фаҳмаш расӣ?
Бодаи ӯ дархури ҳар ҳуш нест,
Ҳалқаи ӯ сухраи ҳар гӯш нест.
Бори дигар омадам девонавор,
Рав рав, эй ҷон, зуд занҷире биёр.
Ғайри он занҷири зулфи дилбарам
Гар дусад занҷир орӣ, бардарам.

Саҳифаи 75/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj