|
Ҳикмати назар кардан дар чоруқу пӯстин, ки «фалянзура-л-инсону мимма хулиқа?»Бозгардон қиссаи ишқи Аёз, К-он яке ганҷест моломоли роз. Меравад ҳар рӯз дар ҳуҷрай барин, То бибинад чоруқе бо пӯстин. З-он ки ҳастӣ сахт мастӣ оварад, Ақл аз сар, шарм аз дил мебарад. Садҳазорон қарни пешинро ҳамин Мастии ҳастӣ бизад раҳ з-ин камин. Шуд Азозиле аз ин мастӣ Билис, Ки чаро Одам шавад бар ман раис? Хоҷаам ман низу хоҷазодаам, Сад ҳунарро қобилу омодаам. Дар ҳунар ман аз касе кам нестам, То ба хидмат пеши душман бистам. Ман зи оташ зодаам, ӯ аз ваҳал, Пеши оташ мар ваҳалро чӣ маҳал? ӯ куҷо буд андар он давре, ки ман Садри олам будаму фахри заман?
Саҳифаи 76/177 |