Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳон поку хубкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ҳикмати назар кардан дар чоруқу пӯстин, ки «фалянзура-л-инсону мимма хулиқа?»

Бозгардон қиссаи ишқи Аёз,
К-он яке ганҷест моломоли роз.
Меравад ҳар рӯз дар ҳуҷрай барин,
То бибинад чоруқе бо пӯстин.
З-он ки ҳастӣ сахт мастӣ оварад,
Ақл аз сар, шарм аз дил мебарад.
Садҳазорон қарни пешинро ҳамин
Мастии ҳастӣ бизад раҳ з-ин камин.
Шуд Азозиле аз ин мастӣ Билис,
Ки чаро Одам шавад бар ман раис?
Хоҷаам ман низу хоҷазодаам,
Сад ҳунарро қобилу омодаам.
Дар ҳунар ман аз касе кам нестам,
То ба хидмат пеши душман бистам.
Ман зи оташ зодаам, ӯ аз ваҳал,
Пеши оташ мар ваҳалро чӣ маҳал?
ӯ куҷо буд андар он давре, ки ман
Садри олам будаму фахри заман?

Саҳифаи 76/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj