Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

«Халақа-л-ҷонна мин мориҷин мин норин ва қавлуҳу таъоло фӣ ҳаққи Иблиси: кона мин ал-ҷинна фафасақа»

Шӯъла мезад оташи ҷони сафеҳ,
К-оташе буд, «ал-валад сирру абиҳ».
На, ғалат гуфтам, ки буд қаҳри Худо,
Иллатеро пеш овардан чаро?
Кори беиллат мубарро аз илал,
Мустамарру мустақарр аст аз азал.
Дар камоли сунъи поки мустаҳас
Иллати ҳодис чӣ гунҷад ё ҳадас?
Сирри аб чӣ бвад? Аби мо сунъи ӯст,
Сунъ мағз асту аби сурат чу пӯст.
Ишқ дон, эй фундуқи тан, дӯстат,
Ҷон-т ҷӯяд мағзу кӯбад пӯстат.
Дӯзахе, ки пӯст бошад дӯсташ,
Дод «баддално ҷулудан» пӯсташ.
Маъниву мағзат бар оташ ҳоким аст,
Лек оташро қушурат ҳезум аст.
Кӯзаи чӯбин, ки дар вай оби ҷӯст,
Қудрати оташ ҳама бар зарфи ӯст.
Маънии инсон бар оташ молик аст,
Молики дӯзах дар ӯ кай ҳолик аст?
Пас маяфзо ту бадан, маънӣ физо,
То чу молик бошӣ оташро киё.
Пӯстҳо бар пӯст меафзудаӣ,
Лоҷарам чун пӯст андар дудаӣ.
З-он ки оташро алаф ҷуз пӯст нест,
Қаҳри Ҳақ он кибрро пӯстинканест.
Ин такаббур аз натиҷай пӯст аст,
Ҷоҳу мол он кибрро з-он дӯст аст.
Ин такаббур чист? Ғафлат аз лубоб,
Мунҷамид чун ғафлати ях з-офтоб.
Чун хабар шуд з-офтобаш, ях намонд,
Нарм гашту гарм гашту тез ронд.
Шуд зи диди лубби ҷумлай тан тамаъ,
Хору ошиқ шуд, ки «залла, ман тамаъ».
Чун набинад мағз, қонеъ шуд ба пӯст,
Банди азза, ман қанаъ зиндони ӯст.
Иззат ин ҷо габрӣ асту зулли дин,
Санг то фонӣ нашуд, кай шуд нигин?
Дар мақоми сангӣ, он гоҳе «ано»,
Вақти мискин гаштани тусту фано.
Кибр з-он ҷӯяд ҳамеша ҷоҳу мол,
Ки зи саргин аст гулханро камол.
К-ин ду доя, пӯстро афзун кунанд,
Шаҳму лаҳму кибру нахват огананд.
Дидаро бар лубби луб нафроштанд,
Пӯстро з-он рӯй луб пиндоштанд.
Пешво Иблис буд ин роҳро,
К-ӯ шикор омад шабикай ҷоҳро.
Мол чун мор асту он ҷоҳ аждаҳо,
Сояи мардон зумуррад ин дуро.
З-он зумуррад морро дида ҷаҳад,
Кӯр гардад мору раҳрав вораҳад.
Чун бар ин раҳ хор бинҳод он раис,
Ҳар кӣ хаст ӯ, гуфт: «Лаънат бар Билис.
Яъне ин ғам бар ман аз ғадри вай аст,
Ғадрро он муқтадо собиқпай аст.
Баъд аз ӯ худ қарн бар қарн омаданд,
Ҷумлагон бар суннати ӯ по заданд.
Ҳар кӣ бинҳад суннати бад, эй фато,
То дарафтад баъди ӯ халқ аз амо.
Ҷамъ гардад бар вай он ҷумла базаҳ
К-ӯ саре будасту эшон думғазаҳ
Лек Одам чоруқу он пӯстин
Пеш меовард, ки ҳастам зи тин.
Чун Аёз он чоруқаш мавруд буд,
Лоҷарам ӯ оқибатмаҳмуд буд.
Ҳасти мутлақ корсози нестист,
Коргоҳи ҳасткун ҷуз нест чист?
Бар навишта ҳеч бинвисад касе?
Ё ниҳола корад андар мағрасе?
Коғазе ҷӯяд, ки он бинвишта нест,
Тухм корад мавзиъе, ки кишта нест.
Ту бародар, мавзиъи нокишта бош,
Коғази испеди нобинвишта бош.
То мушарраф гардӣ аз «нун ва-л-қалам»,
То бикорад дар ту тухм он зулкарам.
Худ аз ин полуда нолесида гир,
Матбахе, ки дидаӣ, нодида гир.
З-он, к-аз ин полуда мастиҳо бувад,
Пӯстину чоруқ аз ёдат равад.
Чун дарояд назъу марг, оҳе кунӣ,
Зикри далқу чоруқ он гоҳе кунӣ.
То намонӣ ғарқи мавҷи зиштие,
Ки набошад аз паноҳе пуштие.
Ёд н-орӣ аз сафинай ростин,
Нангарӣ дар чоруқу дар пӯстин.
Чунки дармонӣ ба ғарқоби бало,
Пас «заламно» вирд созӣ бар «вало».
Дев гӯяд: «Бингаред ин хомро,
Сар буред ин мурғи беҳангомро».
Дур ин хислат зи фарҳанги Аёз,
Ки падид ояд намозаш бенамоз.
ӯ хурӯси осмон буда зи пеш,
Наъраҳои ӯ ҳама дар вақти хеш.

77/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj