Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Дар тақрири маънии таваккул, ҳикояти он зоҳид, ки таваккулро имтиҳон мекард аз миёни асбоб ва аз шаҳр берун омад ва аз қавореъу раҳгузари халқ дур шуд ва ба буни кӯҳе, маҳҷуре, мафқуде, дар ғояти гуруснагӣ сар бар сари санге ниҳоду хуфт ва бо худ гуфт: «Таваккул кардам бар сабабсозӣ ва раззоқии ту ва аз асбоб мунқатеъ шудам, то бибинам сабабийяти таваккулро»

Он яке зоҳид шунуд аз Мустафо,
Ки яқин ояд ба ҷон ризқ аз Худо.
Гар бихоҳӣ в-ар нахоҳӣ, ризқи ту
Пеши ту ояд давон аз ишқи ту.
Аз барои имтиҳон он мард рафт,
Дар биёбон назди кӯҳе хуфт тафт,
Ки бибинам, ризқ меояд ба ман?
То қавӣ гардад маро дар ризқ зан.
Корвоне роҳ гум карду кашид
Сӯйи кӯҳ, он мумтаҳанро хуфта дид.
Гуфт: «Ин мард ин тараф чун аст ур?
Дар биёбон, аз раҳу аз шаҳр дур.
Эй аҷаб! Мурда-ст ё зинда? Ки ӯ
Менатарсад ҳеч аз гургу адӯ».
Омаданду даст бар вай мезанданд,
Қосидан чизе нагуфт он арҷманд.
Ҳам наҷунбиду наҷунбонид сар,
Во накард аз имтиҳон ҳам ӯ басар.
Пас бигуфтанд: «Ин заъифи бемурод
Аз маҷоъат сакта андар ӯ фитод».
Нон биёварданду дар деге таъом,
То бирезандаш ба ҳалқуму ба ком.
Пас ба қосид мард дандон сахт кард,
То бибинад сидқи он миъод мард.
Раҳмашон омад, ки ин бас бенавост
В-аз маҷоат ҳолики маргу фаност.
Корд оварданд қавм, иштофтанд,
Баста дандонҳошро бишкофтанд.
Рехтанд андар даҳонаш шӯрбо,
Мефишурданд андар ӯ нонпораҳо.
Гуфт: «Эй дил, гарчи худ тан мезанӣ,
Роз медониву нозе мекунӣ».
Гуфт дил: «Донам ва қосид мекунам,
Розиқ Аллоҳ аст бар ҷону танам».
Имтиҳон з-ин бештар худ чун бувад?
Ризқ сӯйи собирон хуш меравад.

100/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj