|
Ҷавоб гуфтани хар рӯбоҳро, ки таваккул беҳтарини касбҳост, ки ҳар касе мӯҳтоҷ аст ба таваккул, ки эй Худо, ин кори маро рост ор ва дуъо мутазаммини таваккул аст ва таваккул касбест, ки ба ҳеч касбе дигар мӯҳтоҷ нест, ило охириҳГуфт: «Ман беҳ аз таваккул бар рабе Менадонам дар ду олам максабе. Касби шукрашро намедонам надид, То кашад шукри Худо ризқу мазид». Баҳсашон бисёр шуд андар хитоб, Монда гаштанд аз суолу аз ҷавоб. Баъд аз он гуфташ: «Бидон дар мамлика «Наҳйи ло тулқу биайдӣ таҳлика».» Сабр дар саҳрои хушку санглох Аҳмақӣ бошад, ҷаҳони Ҳақ фарох. Нақл кун ин ҷо ба сӯйи марғзор, Мечар он ҷо сабза гирди ҷӯйбор. Марғзоре сабз монанди ҷинон, Сабза руста андар он ҷо то миён. Хуррам он ҳайвон, ки ӯ он ҷо шавад, Уштур андар сабза нопайдо шавад. Ҳар тараф дар вай яке чашмай равон, Андар ӯ ҳайвон мураффаҳ, дар амон». Аз харӣ ӯро намегуфт: «Эй лаъин! Ту аз он ҷойӣ, чаро зорӣ чунин? Ку нишоту фарбеҳиву фарри ту? Чист ин лоғартани музтарри ту? Шарҳи равза гар дурӯғу зӯр нест, Пас, чаро чашмаш аз ӯ махмур нест? Ин гадочашмиву ин нодидагӣ Аз гадойий туст, н-аз бегларбагӣ. Чун зи чашма омадӣ, чунӣ ту хушк? В-ар ту нофи оҳуӣ, ку бӯйи мушк? З-он ки мегӯиву шарҳаш мекунӣ, Чун нишоне дар ту н-омад? Эй санӣ!»
Страница 102/177 |