Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ҷавоб гуфтани хар рӯбоҳро, ки таваккул беҳтарини касбҳост, ки ҳар касе мӯҳтоҷ аст ба таваккул, ки эй Худо, ин кори маро рост ор ва дуъо мутазаммини таваккул аст ва таваккул касбест, ки ба ҳеч касбе дигар мӯҳтоҷ нест, ило охириҳ

Гуфт: «Ман беҳ аз таваккул бар рабе
Менадонам дар ду олам максабе.
Касби шукрашро намедонам надид,
То кашад шукри Худо ризқу мазид».
Баҳсашон бисёр шуд андар хитоб,
Монда гаштанд аз суолу аз ҷавоб.
Баъд аз он гуфташ: «Бидон дар мамлика
«Наҳйи ло тулқу биайдӣ таҳлика».»
Сабр дар саҳрои хушку санглох
Аҳмақӣ бошад, ҷаҳони Ҳақ фарох.
Нақл кун ин ҷо ба сӯйи марғзор,
Мечар он ҷо сабза гирди ҷӯйбор.
Марғзоре сабз монанди ҷинон,
Сабза руста андар он ҷо то миён.
Хуррам он ҳайвон, ки ӯ он ҷо шавад,
Уштур андар сабза нопайдо шавад.
Ҳар тараф дар вай яке чашмай равон,
Андар ӯ ҳайвон мураффаҳ, дар амон».
Аз харӣ ӯро намегуфт: «Эй лаъин!
Ту аз он ҷойӣ, чаро зорӣ чунин?
Ку нишоту фарбеҳиву фарри ту?
Чист ин лоғартани музтарри ту?
Шарҳи равза гар дурӯғу зӯр нест,
Пас, чаро чашмаш аз ӯ махмур нест?
Ин гадочашмиву ин нодидагӣ
Аз гадойий туст, н-аз бегларбагӣ.
Чун зи чашма омадӣ, чунӣ ту хушк?
В-ар ту нофи оҳуӣ, ку бӯйи мушк?
З-он ки мегӯиву шарҳаш мекунӣ,
Чун нишоне дар ту н-омад? Эй санӣ!»

Саҳифаи 102/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj