Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Масал овардани уштур дар баёни он, ки дар мухбири давлате фарру асари он чун набинӣ, ҷойи муттаҳам доштан бошад, ки ӯ муқаллид аст дар он

Он яке пурсид уштурро, ки ҳай!
Аз куҷо меойӣ? Эй иқболпай!
Гуфт: «Аз ҳаммоми гарми кӯйи ту»,
Гуфт: «Худ пайдост дар зонуйи ту».
Мори Мӯсо дид Фиръавни ануд,
Мӯҳлате мехост, нармӣ менамуд.
Зиракон гуфтанд: «Боястӣ, ки ин
Тундтар гаштӣ, чу ҳаст ӯ рабби дин.
Мӯъҷиза гар аждаҳо, гар мор буд,
Нахвату хашми худоияш чӣ шуд?
Рабби аъло гар вай аст андар ҷулус,
Баҳри як кирме чӣ аст ин чоплус?»
Нафси ту то масти нуқл асту набид,
Дон, ки рӯҳат хӯшаи ғайбе надид.
Ки аломот аст з-он дидори нур:
«Ат-таҷофӣ минка ъан дори-л-ғурур».
Мурғ чун бар оби шӯре метанад,
Оби ширинро надидаст ӯ мадад.
Балки тақлид аст он имони ӯ,
Рӯйи имонро надида ҷони ӯ.
Пас хатар бошад муқаллидро азим,
Аз раҳу раҳзан, зи шайтони раҷим.
Чун бибинад нури Ҳақ, омин шавад,
З-изтироботи шак ӯ сокин шавад.
То кафи дарё наёяд сӯйи хок,
К-асли ӯ омад бувад дар истикок.
Хокӣ аст он каф, ғариб аст андар об,
Дар ғирибӣ чора набвад з-изтироб.
Чунки чашмаш боз шуд в-он нақш хонд,
Девро бар вай дигар дасте намонд.
Гарчи бо рӯбоҳ хар асрор гуфт,
Сар-сарӣ гуфту муқаллидвор гуфт.
Обро бистуду ӯ қоиқ набуд,
Рух дариду ҷома, ӯ ошиқ набуд.
Аз мунофиқ узр радд омад на хуб,
З-он ки дар лаб буд он, на дар қулуб.
Бӯйи себаш ҳаст, ҷузви себ нест,
Бӯ дар ӯ ҷуз аз пайи осеб нест.
Ҳамлаи зан дар миёни корзор
Нашканад саф, балки гардад кор зор.
Гарчи мебинӣ чу шер андар сафаш,
Теғ бигрифта, ҳамеларзад кафаш.
Войи он, ки ақли ӯ мода бувад,
Нафси зишташ нарру омода бувад.
Лоҷарам мағлуб бошад ақли ӯ,
Ҷуз сӯйи хусрон набошад нақли ӯ.
Эй хунук он кас, ки ақлаш нар бувад,
Нафси зишташ модаву музтар бувад.
Ақли ҷузвиаш нару ғолиб бувад,
Нафси унсоро хирад солиб бувад.
Ҳамлаи мода ба сурат ҳам ҷарист,
Офати ӯ ҳамчу он хар аз харист.
Васфи ҳайвонӣ бувад бар зан фузун,
З-он ки сӯйи рангу бӯ дорад рукун.
Рангу бӯйи сабзазор он хар шунид,
Ҷумла ҳуҷҷатҳо зи табъи ӯ рамид.
Ташна мӯҳтоҷи матар шуд в-абр на,
Нафсро ҷӯъулбақар буд, сабр на.
Испари оҳан бувад сабр, эй падар!
Ҳақ набишта бар сипар: «Ҷоъа-з-зафар».
Сад далел орад муқаллид дар баён,
Аз қиёсе гӯяд онро, н-аз аён.
Мушки олудаст, илло мушк нест,
Бӯйи мушк асташ, вале ҷуз пушк нест.
То ки пушке мушк гардад, эй мурид,
Солҳо бояд дар он равза чарид,
Ки набояд хӯрду ҷав ҳамчун харон,
Оҳувона дар Хутан чар арғавон.
Ҷуз қаранфул, ё саман, ё гул мачар,
Рав ба саҳрои Хутан бо он нафар.
Меъдаро хӯ кун бад-он райҳону гул,
То биёбӣ ҳикмату қути русул.
Хӯйи меъда з-ин каҳу ҷав боз кун,
Хӯрдани райҳону гул оғоз кун.
Меъдаи тан сӯйи каҳдон мекашад,
Меъдаи дил сӯйи райҳон мекашад.
Ҳар кӣ коҳу ҷав хурад, қурбон шавад,
Ҳар кӣ нури Ҳақ хурад, Қуръон шавад.
Ними ту мушк асту ниме пушк, ҳин!
Ҳин, маяфзо пушк, афзо мушки Чин.
Он муқаллид сад далелу сад баён
Дар забон орад, надорад ҳеч ҷон.
Чунки гӯянда надорад ҷону фар,
Гуфти ӯро кай бувад баргу самар?
Мекунад густох мардумро ба роҳ,
ӯ ба ҷон ларзонтар аст аз барги коҳ.
Пас ҳадисаш гарчи бас бофар бувад,
Дар ҳадисаш ларза ҳам музмар бувад.

103/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj