Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳон поку хубкирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ғолиб шудани ҳилаи рӯбоҳ бар истеъсом ва тааффуфи хар ва кашидани рӯбаҳ харро ба сӯйи шери беша

Рӯбаҳ андар ҳила пойи худ фишурд,
Риши хар бигрифту он харро бибурд.
Мутриби он хонақаҳ ку? То ки тафт
Даф занад, ки хар бирафту хар бирафт.
Чунки харгӯше барад шере ба чоҳ,
Чун наёрад рӯбаҳе хар то гиёҳ?
Гӯшро барбанду афсунҳо мах(в)ар
Ҷуз фусуни он валии додгар.
Он фусуни хуштар аз ҳалвойи ӯ,
Он ки сад ҳалвост хоки пойи ӯ.
Хунбҳои хусравонӣ пур зи май,
Моя бурда аз майи лабҳои вай.
Ошиқи май бошад он ҷони баъид,
К-ӯ майи лабҳои лаълашро надид.
Оби ширин чун набинад мурғи кӯр,
Чун нагардад гирди чашмай оби шӯр?
Мӯсии ҷон синаро Сино кунад,
Тӯтиёни кӯрро бино кунад.
Хусрави Ширини ҷон навбат задаст,
Лоҷарам дар шаҳр қанд арзон шудаст.
Юсуфони ғайб лашкар мекашанд,
Тунгҳои қанду шаккар мекашанд.
Уштурони Мисрро рӯ сӯйи мо,
Бишнавед, эй тӯтиён, бонги даро.
Шаҳри мо фардо пур аз шаккар шавад,
Шаккар арзон аст, арзонтар шавад.
Дар шакар ғалтед, эй ҳалвоиён!
Ҳамчу тӯтӣ, кӯрии сафроиён.
Найшакар кӯбед, кор ин асту бас,
Ҷон барафшонед, ёр ин асту бас.
Як туруш дар шаҳри мо акнун намонд,
Чунки Ширин хусравонро барнишонд.
Нуқл бар нуқл асту май бар май, ҳало!
Бар манора рав, бизан бонги сало.
Сиркаи нӯҳсола ширин мешавад,
Сангу мармар лаълу заррин мешавад.
Офтоб андар фалак дастакзанон,
Зарраҳо чун ошиқон бозикунон.
Чашмҳо махмур шуд аз сабзазор,
Гул шукуфа мекунад бар шохсор.
Чашми давлат сеҳри мутлақ мекунад,
Рӯҳ шуд Мансур, «аналҳақ» мезанад.
Гар хареро мебарад рӯбаҳ зи сар,
Гӯ, бибар, ту хар мабошу ғам мах(в)ар.

Саҳифаи 106/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj