Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикояти он шахс, ки аз тарс хештанро дар хонае андохт, рухҳо зард чун заъфарон, лабҳо кабуд чун Нил, даст ларзон чун барги дарахт.

Худованди хона пурсид, ки хайр аст, чӣ воқеа аст? Гуфт: «Берун хар мегиранд ба сухра», гуфт: «Муборак хар мегиранд, ту хар нестӣ, чӣ метарсӣ?» Гуфт: «Хар ба ҷид мегиранд. Тамйиз бархостааст имрӯз, тарсам, ки маро хар гиранд»

Он яке дар хонае дармегурехт
Зардрӯву лабкабуду рангрехт.
Соҳиби хона бигуфташ: «Хайр ҳаст?
Ки ҳамеларзад туро чун пир даст.
Воқиъа чун аст? Чун бигрехтӣ?
Ранги рухсора чунин чун рехтӣ?»
Гуфт: «Баҳри сухраи шоҳи ҳарун
Хар ҳамегиранд имрӯз аз бурун».
Гуфт: «Мегиранд, гӯ, хар, ҷони ам?
Чун найӣ хар, рав, туро з-ин чист ғам?»
Гуфт: «Бас ҷидданду гарм андар гирифт,
Гар харам гиранд, ҳам набвад шигифт.
Баҳри харгирӣ бароварданд даст,
Ҷидди ҷид, тамйиз ҳам бархостаст.
Чунки бетамйизиёнмон сарваранд,
Соҳиби харро ба ҷойи хар баранд».
Нест шоҳи шаҳри мо беҳудагир,
Ҳаст тамйизаш, самеъ асту басир.
Одамӣ бошу зи харгирон матарс,
Хар наӣ, эй Исии даврон, матарс.
Чархи чорум ҳам зи нури ту пур аст,
Ҳошалиллаҳ, ки мақомат охур аст.
Ту зи чарху ахтарон ҳам бартарӣ,
Гарчи баҳри маслиҳат дар охурӣ.
Мири охур дигару хар дигар аст,
На ҳар он ки андар охур шуд, хар аст.
Чӣ дарафтодем дар дунболи хар?
Аз гулистон гӯю аз гулҳои тар.
Аз анору аз турунҷу шохи себ
В-аз шаробу шоҳидони беҳисеб.
Ё аз он дарё, ки мавҷаш гавҳар аст,
Гавҳараш гӯяндаву биновар аст.
Ё аз он мурғон, ки гулчин мекунанд,
Байзаҳо заррину симин мекунанд.
Ё аз он борон, ки кабкон парваранд,
Ҳам нигун ишкам, ҳам истон мепаранд.
Нардбонҳоест пинҳон дар ҷаҳон
Поя-поя то инони осмон.
Ҳар гурӯҳро нардбоне дигар аст,
Ҳар равишро осмоне дигар аст.
Ҳар яке аз ҳоли дигар бехабар,
Мулк бопаҳнову бепоёну сар.
Ин дар он ҳайрон, ки ӯ аз чист х(в)аш?
В-он дар ин хира, ки ҳайрат чисташ?
«Саҳни арзуллоҳи восеъ» омада,
Ҳар дарахте аз замине сар зада.
Бар дарахтон шукргӯён баргу шох,
Ки зиҳӣ мулку зиҳӣ арсай фарох.
Булбулон гирди шукуфай пургиреҳ,
Ки аз он чӣ мехурӣ, моро бидеҳ.
Ин сухан поён надорад, кун руҷӯъ
Сӯйи он рӯбоҳу шеру суқму ҷӯъ:

Страница 107/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj