|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر پنجوم |
|
|
Дар баёни он ки нақзи аҳд ва тавба мӯҷиби бало бувад, балки мӯҷиби масх аст, чунонки дар ҳаққи асҳоби Сабт ва дар ҳаққи асҳоби моидаи Исо: «ва ҷаъала минҳуму-л-қирадата ва-л-ханозир» ва андар ин уммат масхи дил бошад ва ба қиёмат танро сурати дил диҳанд, «наъузубиллоҳ»Нақзи мисоқу шикасти тавбаҳо Мӯҷиби лаънат шавад дар интиҳо. Нақзи тавба-в аҳди он асҳоби Сабт Мӯҷиби масх омаду иҳлоку мақт. Пас Худо он қавмро бӯзина кард, Чунки аҳди Ҳақ шикастанд аз набард. Андар ин уммат набуд масхи бадан, Лек масхи дил бувад, эй булфитан! Чун дили бӯзина гардад он дилаш, Аз дили бӯзина шуд хор он гилаш. Гар ҳунар будӣ дилашро з-ихтиёр, Хор кай будӣ зи сурат он ҳимор? Он саги асҳоб хуш буд сираташ, Ҳеч будаш манқасат з-он сураташ? Масхи зоҳир буд аҳли Сабтро, То бибинад хулқи зоҳир кабтро. Аз раҳи сир садҳазорони дигар Гашта аз тавба шикастан хуку хар.
Саҳифаи 109/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|