Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Омадани шайх баъд аз чандин сол аз биёбон ба шаҳри Ғазнин ва занбил гардонидан ба ишорати ғайбӣ ва тафриқа кардани он чӣ ҷамъ ояд бар фуқаро:

Ҳар киро ҷони иззи лаббайк аст,
Нома бар нома, пайк бар пайк аст.
Чунонки равзани хона боз бошад, офтобу моҳтоб ва борону нома ва ғайра мунқатеъ набошад


Рӯ ба шаҳр овард он фармонпазир,
Шаҳри Ғазнин гашт аз рӯяш мунир.
Аз фараҳ халқе ба истиқбол рафт,
ӯ даромад аз раҳи дуздида тафт.
Ҷумла аъёну меҳон бархостанд,
Қасрҳо аз баҳри ӯ оростанд.
Гуфт: «Ман аз худнамоӣ н-омадам,
Ҷуз ба хориву гадоӣ н-омадам.
Нестам дар азми қолу қил ман,
Дар ба дар гардам ба каф занбил ман.
Бандафармонам, ки амр аст аз Худо,
Ки гадо бошам, гадо бошам, гадо.
Дар гадоӣ лафзи нодир н-оварам,
Ҷуз тариқи хасгадоён наспарам.
То шавам ғарқай мазаллат ман тамом,
То сақатҳо бишнавам аз хосу ом.
Амри Ҳақ ҷон асту ман онро табаъ,
ӯ тамаъ фармуд «зала, ман тамаъ».
Чун тамаъ хоҳад зи ман султони дин,
Хок бар фарқи қаноат баъд аз ин.
ӯ мазаллат хост, кай иззат танам?
ӯ гадоӣ хост, кай мирӣ кунам?
Баъд аз ин кадду мазаллат, ҷони ман,
Бист Аббосанд дар анбони ман».
Шайх бармегашт занбиле ба даст:
«Шайъулиллаҳ, хоҷа! Тавфиқет ҳаст?»
Бартар аз курсиву арш асрори ӯ,
«Шайъулиллаҳ, шайъулиллаҳ» кори ӯ.
Анбиё ҳар як ҳамин фан мезананд,
Халқ муфлис, кудя эшон мекунанд.
«Ақризуллаҳ, ақризуллаҳ» мезананд,
Божгун бар «унсуруллаҳ» метананд.
Дар ба дар ин шайх меорад ниёз,
Бар фалак сад дар барои шайх боз
К-он гадоӣ, ки ба ҷид мекард ӯ,
Баҳри Яздон буд, на аз баҳри гулӯ.
В-ар бикардӣ низ аз баҳри гулӯ,
Он гулӯ аз нури Ҳақ дорад ғулӯ.
Дар ҳақи ӯ хӯрди нону шаҳду шир
Беҳ зи чилла в-аз зи рӯзай сад фақир.
Нур менӯшад, магӯ нон меха(в)рад,
Лола мекорад, ба сурат мечарад.
Чун шароре, к-ӯ хурад равған зи шамъ,
Нур афзояд зи хӯрдаш баҳри ҷамъ.
Нонхуреро гуфт Ҳақ: «ло тусрифу»,
Нур хӯрданро нагуфтаст: «иктифу».
Он гулӯи ибтило буд в-ин гулӯ
Фориғ аз исрофу омин аз ғулӯ.
Амру фармон буд, на ҳирсу тамаъ,
Ончунон ҷон ҳирсро набвад табаъ.
Гар бигӯяд кимиё мисро: «Бидеҳ
Ту ба ман худро», тамаъ набвад фиреҳ.
Ганҷҳои хок то ҳафтум табақ
Арза карда буд пеши шайх Ҳақ.
Шайх гуфто: «Холиқо, ман ошиқам,
Гар биҷӯям ғайри ту, ман фосиқам.
Ҳашт ҷаннат гар дарорам дар назар
В-ар кунам хидмат ман аз хавфи сақар.
Мӯъмине бошам саломатҷӯй ман,
З-он ки ин ҳар ду бувад ҳаззи бадан».
Ошиқе, к-аз ишқи Яздон хӯрд қут,
Сад бадан пешаш наярзад тарратут.
В-ин бадан, ки дорад он шайхи фитан,
Чизи дигар гашт, кам хонаш бадан.
Ошиқи ишқи Худо в-он гоҳ музд?
Ҷабрайили мӯътаман в-он гоҳ дузд?
Ошиқи он Лайлии кӯру кабуд,
Мулки олам пеши ӯ як тарра буд.
Пеши ӯ яксон шуда буд хоку зар,
Зар чӣ бошад, ки набуд ҷонро хатар.
Шеру гургу дад аз ӯ воқиф шуда,
Ҳамчу хешон гирди ӯ гирд омада,
К-ин шудаст аз хӯйи ҳайвон пок пок,
Пур зи ишқу лаҳму шаҳмаш заҳрнок.
Заҳри дад бошад шакаррези хирад,
З-он ки неки нек бошад зидди бад.
Лаҳми ошиқро наёрад хӯрди дад,
Ишқ маъруф аст пеши неку бад.
В-ар хурад худ филмасал дому дадаш,
Гӯшти ошиқ заҳр гардад, букшадаш.
Ҳар чӣ ҷуз ишқ аст, шуд маъкули ишқ,
Дар ҷаҳон якдона пеши нули ишқ.
Донае мар мурғро ҳаргиз х(в)арад?
Коҳдон мар асбро ҳаргиз чарад?
Бандагӣ кун, то шавӣ ошиқ лаъал,
Бандагӣ касбест, ояд дар амал.
Банда озодӣ тамаъ дорад зи ҷад,
Ошиқ озодӣ нахоҳад то абад.
Банда доим хилъату идрорҷӯст,
Хилъати ошиқ ҳама дидори дӯст.
Дарнагунҷад ишқ дар гуфту шунид,
Ишқ дарёест, қаъраш нопадид.
Қатраҳои баҳрро натвон шумурд,
Ҳафт дарё пеши он баҳр аст хурд.
Ин сухан поён надорад, эй фалон,
Бозрав дар қиссаи шайхи замон.

Саҳифаи 114/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵