|
|
|
|
Дар маънии «лав лока ламо халақту-л-афлок»Шуд чунин шайхе гадои кӯ ба кӯ, Ишқ омад лоуболӣ, «иттақу». Ишқ ҷӯшад баҳрро монанди дег, Ишқ сояд кӯҳро монанди рег. Ишқ бишкофад фалакро сад шикоф, Ишқ ларзонад заминро аз газоф. Бо Муҳаммад буд ишқи пок ҷуфт, Баҳри ишқи ӯ Худо «лавлок» гуфт. Мунтаҳо дар ишқ чун ӯ буд фард, Пас мар ӯро з-анбиё тахсис кард: Гар набудӣ баҳр ишқи покро, Кай вуҷуде додаме афлокро? Ман бад-он афроштам чархи санӣ, То улувви ишқро фаҳме кунӣ. Манфиатҳои дигар ояд зи чарх, Он чу байза тобеъ ояд, ин чу фарх. Хокро ман хор кардам яксарӣ, То зи хорий ошиқон бӯйе барӣ. Хокро додем сабзиву навӣ, То зи табдили фақир огаҳ шавӣ. Бо ту гӯянд ин ҷиболи росиёт, Васфи ҳоли ошиқон андар субот. Гарчи он маънист в-ин нақш, эй писар, То ба фаҳми ту кунад наздиктар. Ғуссаро бо хор ташбеҳе кунанд, Он набошад, лек танбеҳе кунанд. Он дили қосӣ, ки сангаш хонданд, Номуносиб буд, мисоле ронданд. Дар тасаввур дарнаёяд айни он, Айб бар тасвир неҳ, нафйаш мадон.
115/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|