Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дар маънии «лав лока ламо халақту-л-афлок»

Шуд чунин шайхе гадои кӯ ба кӯ,
Ишқ омад лоуболӣ, «иттақу».
Ишқ ҷӯшад баҳрро монанди дег,
Ишқ сояд кӯҳро монанди рег.
Ишқ бишкофад фалакро сад шикоф,
Ишқ ларзонад заминро аз газоф.
Бо Муҳаммад буд ишқи пок ҷуфт,
Баҳри ишқи ӯ Худо «лавлок» гуфт.
Мунтаҳо дар ишқ чун ӯ буд фард,
Пас мар ӯро з-анбиё тахсис кард:
Гар набудӣ баҳр ишқи покро,
Кай вуҷуде додаме афлокро?
Ман бад-он афроштам чархи санӣ,
То улувви ишқро фаҳме кунӣ.
Манфиатҳои дигар ояд зи чарх,
Он чу байза тобеъ ояд, ин чу фарх.
Хокро ман хор кардам яксарӣ,
То зи хорий ошиқон бӯйе барӣ.
Хокро додем сабзиву навӣ,
То зи табдили фақир огаҳ шавӣ.
Бо ту гӯянд ин ҷиболи росиёт,
Васфи ҳоли ошиқон андар субот.
Гарчи он маънист в-ин нақш, эй писар,
То ба фаҳми ту кунад наздиктар.
Ғуссаро бо хор ташбеҳе кунанд,
Он набошад, лек танбеҳе кунанд.
Он дили қосӣ, ки сангаш хонданд,
Номуносиб буд, мисоле ронданд.
Дар тасаввур дарнаёяд айни он,
Айб бар тасвир неҳ, нафйаш мадон.

Страница 115/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj