|
|
|
|
Гирён шудани амир аз насиҳати шайх ва акси сидқи ӯ ва исор кардани махзан баъд аз он густохӣ ва истеъсоми шайх ва қабул нокардан ва гуфтан, ки ман бе ишорат наёрам тасарруфе карданИн бигуфту гиря – дар шуд ҳой-ҳой, Ашк ғалтон бар рухи ӯ ҷой-ҷой. Сидқи ӯ ҳам бар замири мир зад, Ишқ ҳар дам турфа деге мепазад. Сидқи ошиқ бар ҷамодӣ метанад, Чӣ аҷаб гар бар дили доно занад? Сидқи Мӯсо бар асову кӯҳ зад, Балки бар дарёи пуришкӯҳ зад. Сидқи Аҳмад бар ҷамоли моҳ зад, Балки бар хуршеди рахшон роҳ зад. Рӯ ба рӯ оварда, ҳар ду дар нафир, Гашта гирён ҳам амиру ҳам фақир. Соате бисёр чун бигристанд, Гуфт мир ӯро, ки хез, эй арҷманд! Ҳар чӣ хоҳӣ, аз хизона баргузин, Гарчи истеҳқоқ дорӣ сад чунин. Хона они туст, ҳар чи-т майл ҳаст Баргузин, худ ҳар ду олам андак аст». Гуфт: «Дастуре надодандам чунин, Ки ба дасти хеш чизе баргузин. Ман зи худ натвонам ин кардан фузул, Ки кунам ман ин дахилона духул». Ин баҳона карду мӯҳра даррабуд, Монеъ он буд, к-он ато содиқ набуд. На, ки содиқ буду пок аз ғиллу хашм, Шайхро ҳар сидқ менояд ба чашм. Гуфт: «Фармонам чунин додаст Илоҳ, Ки гадоёна бирав, ноне бихоҳ.
117/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|