|
|
|
|
Донистани шайх замири соилро бе гуфтан ва донистани қадри воми вомдорон бе гуфтан, ки нишони он бошад, ки «ухруҷ бисифоти ило халқи»Ҳоҷати худ гар нагуфтӣ он фақир ӯ бидодиву бидонистӣ замир. Он чӣ дар дил доштӣ он пуштхам, Қадри он додӣ бад-ӯ, на бешу кам. Пас бигуфтандӣ: «Чӣ донистӣ, ки ӯ Ин қадар андеша дорад? Эй аму!» ӯ бигуфтӣ: «Хонаи дил хилват аст, Холӣ аз кудя, мисоли ҷаннат аст. Андар ӯ ҷуз ишқи Яздон кор нест, Ҷуз хаёли васли ӯ дайёр нест. Хонаро ман рӯфтам аз неку бад, Хонаам пурр аст аз ишқи аҳад. Ҳар чӣ бинам андар ӯ ғайри Худо, Они ман набвад, бувад акси гадо. Гар дар обе нахл ё урҷун намуд, Ҷуз зи акси нахлаи берун набуд. Дар таги об ар бибинӣ сурате, Акси берун бошад он нақш, эй фатӣ. Лек то об аз қазӣ холӣ шудан, Танқия шарт аст дар ҷӯйи бадан, То намонад тирагиву хас дар ӯ, То амин гардад, намояд акси рӯ. Ҷуз гилоба дар танат, ку, эй муқил, Об софӣ кун зи гил, эй хасми дил! Ту бар онӣ ҳар даме, к-аз хобу х(в)ар Хок резӣ андар ин ҷӯ бештар».
119/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|