|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Пятая тетрадь |
|
|
Бозгаштани наммомон аз ҳуҷраи Аёз ба сӯйи шоҳ тӯбратиҳӣ ва хиҷил ҳамчун бадгумонон дар ҳаққи анбиё алайҳимуссалом ба вақти зуҳури бароат ва покии эшон, ки «явма табйаззу вуҷуҳун ва насвадду вуҷуҳун ва қавлуҳу: ватара-л-лазина казабу алаллоҳи вуҷуҳуҳум мусаваддатун»Шоҳ қосид гуфт: «Ҳин, аҳвол чист? Ки бағалтон аз зару ҳамён тиҳист. В-ар ниҳон кардед динору тасу, Фарру шодӣ дар руху рухсор ку? Гарчи пинҳон бехи ҳар беховар аст, Барги «симоҳум вуҷуҳум» ахзар аст. Он чӣ хурд он бех аз заҳру зи қанд, Нак, мунодӣ мекунад шохи баланд. Бех агар бебаргу аз моя тиҳист, Баргҳои сабз андар шох чист? Бар забони бех гил мӯҳре кунад, Шохи дасту по гувоҳӣ медиҳад». Он аминон ҷумла дар узр омаданд, Ҳамчу соя пеши маҳ соҷид шуданд. Узри он гармиву лофу мову ман Пеши шаҳ рафтанд бо теғу кафан. Аз хиҷолат ҷумла ангуштон газон, Ҳар яке мегуфт, к-эй шоҳи ҷаҳон! Гар бирезӣ хун, ҳалол астат, ҳалол В-ар бибахшӣ, ҳаст инъому навол. Кардаем онҳо, ки аз мо месазид, То чӣ фармоӣ ту, эй шоҳи маҷид! Гар бибахшӣ ҷурми мо, эй дилфурӯз! Шаб шабиҳо карда бошад, рӯз рӯз. Гар бибахшӣ, ёфт навмедӣ касод В-арна сад чун мо фидои шоҳ бод. Гуфт шаҳ: «На, ин навозу ин гудоз Ман нахоҳам кард, ҳаст они Аёз.
Страница 82/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|