Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Абушакури Балхӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Бозгаштани наммомон аз ҳуҷраи Аёз ба сӯйи шоҳ тӯбратиҳӣ ва хиҷил ҳамчун бадгумонон дар ҳаққи анбиё алайҳимуссалом ба вақти зуҳури бароат ва покии эшон, ки «явма табйаззу вуҷуҳун ва насвадду вуҷуҳун ва қавлуҳу: ватара-л-лазина казабу алаллоҳи вуҷуҳуҳум мусаваддатун»

Шоҳ қосид гуфт: «Ҳин, аҳвол чист?
Ки бағалтон аз зару ҳамён тиҳист.
В-ар ниҳон кардед динору тасу,
Фарру шодӣ дар руху рухсор ку?
Гарчи пинҳон бехи ҳар беховар аст,
Барги «симоҳум вуҷуҳум» ахзар аст.
Он чӣ хурд он бех аз заҳру зи қанд,
Нак, мунодӣ мекунад шохи баланд.
Бех агар бебаргу аз моя тиҳист,
Баргҳои сабз андар шох чист?
Бар забони бех гил мӯҳре кунад,
Шохи дасту по гувоҳӣ медиҳад».
Он аминон ҷумла дар узр омаданд,
Ҳамчу соя пеши маҳ соҷид шуданд.
Узри он гармиву лофу мову ман
Пеши шаҳ рафтанд бо теғу кафан.
Аз хиҷолат ҷумла ангуштон газон,
Ҳар яке мегуфт, к-эй шоҳи ҷаҳон!
Гар бирезӣ хун, ҳалол астат, ҳалол
В-ар бибахшӣ, ҳаст инъому навол.
Кардаем онҳо, ки аз мо месазид,
То чӣ фармоӣ ту, эй шоҳи маҷид!
Гар бибахшӣ ҷурми мо, эй дилфурӯз!
Шаб шабиҳо карда бошад, рӯз рӯз.
Гар бибахшӣ, ёфт навмедӣ касод
В-арна сад чун мо фидои шоҳ бод.
Гуфт шаҳ: «На, ин навозу ин гудоз
Ман нахоҳам кард, ҳаст они Аёз.

Саҳифаи 82/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj