|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Ҳавола кардани подшоҳ қабул ва тавбаи наммомон ва ҳуҷрагушоён ва сазо додани эшон ба Аёз, ки яъне ин ҷиноят бар ирзи ӯ рафтаастИн ҷиноят бар тану ирзи вай аст, Захм бар рагҳои он некӯпай аст. Гарчи нафси воҳидем аз рӯйи ҷон, Зоҳиран дурам аз ин суду зиён». Тӯҳмате бар банда шаҳро ор нест, Ҷуз мазиди ҳилму истизҳор нест. Муттаҳамро шоҳ чун Қорун кунад, Бегунаҳро ту назар кун, чун кунад? Шоҳро ғофил мадон аз кори кас, Монеъи изҳори он ҳилм асту бас. «Ман ҳуно яшфаъ» ба пеши илми ӯ, Лоуболивор илло ҳилми ӯ? Он гунаҳ аввал зи ҳилмаш меҷаҳад В-арна ҳайбат он маҷолаш кай диҳад? Хунбаҳои ҷурми нафси қотила Ҳаст бар ҳилмаш, дият бар оқила. Масту бехуд нафси мо з-он ҳилм буд, Дев дар мастӣ кулоҳ аз вай рабуд. Гар на соқий ҳилм будӣ бодарез, Дев бо Одам куҷо кардӣ ситез? Гоҳи илм Одам малоикро кӣ буд? Устоди илму наққоди нуқуд. Чунки дар ҷаннат шароби ҳилм х(в)ард, Шуд зи як бозии шайтон рӯйзард. Он балодурҳои таълими вадуд Зираку донову чусташ карда буд. Боз он афюни ҳилми сахти ӯ, Дуздро овард сӯйи рахти ӯ. Ақл ояд сӯйи ҳилмаш мустаҷир: «Соқиям ту будаӣ, дастам бигир».
83/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|