Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ҳавола кардани подшоҳ қабул ва тавбаи наммомон ва ҳуҷрагушоён ва сазо додани эшон ба Аёз, ки яъне ин ҷиноят бар ирзи ӯ рафтааст

Ин ҷиноят бар тану ирзи вай аст,
Захм бар рагҳои он некӯпай аст.
Гарчи нафси воҳидем аз рӯйи ҷон,
Зоҳиран дурам аз ин суду зиён».
Тӯҳмате бар банда шаҳро ор нест,
Ҷуз мазиди ҳилму истизҳор нест.
Муттаҳамро шоҳ чун Қорун кунад,
Бегунаҳро ту назар кун, чун кунад?
Шоҳро ғофил мадон аз кори кас,
Монеъи изҳори он ҳилм асту бас.
«Ман ҳуно яшфаъ» ба пеши илми ӯ,
Лоуболивор илло ҳилми ӯ?
Он гунаҳ аввал зи ҳилмаш меҷаҳад
В-арна ҳайбат он маҷолаш кай диҳад?
Хунбаҳои ҷурми нафси қотила
Ҳаст бар ҳилмаш, дият бар оқила.
Масту бехуд нафси мо з-он ҳилм буд,
Дев дар мастӣ кулоҳ аз вай рабуд.
Гар на соқий ҳилм будӣ бодарез,
Дев бо Одам куҷо кардӣ ситез?
Гоҳи илм Одам малоикро кӣ буд?
Устоди илму наққоди нуқуд.
Чунки дар ҷаннат шароби ҳилм х(в)ард,
Шуд зи як бозии шайтон рӯйзард.
Он балодурҳои таълими вадуд
Зираку донову чусташ карда буд.
Боз он афюни ҳилми сахти ӯ,
Дуздро овард сӯйи рахти ӯ.
Ақл ояд сӯйи ҳилмаш мустаҷир:
«Соқиям ту будаӣ, дастам бигир».

Саҳифаи 83/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj