Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Фармудани шоҳ Аёзро, ки ихтиёр кун аз афв ва мукофот, ки аз адлу лутф ҳар чӣ кунӣ, ин ҷо савоб аст ва дар ҳар яке маслиҳатҳост, ки дар адл ҳазор лутф ҳаст дарҷ ва «лакум фи-л-қисоси ҳаётун», он кас, ки кароҳат медорад қисосро, дар ин як ҳаёти қотил назар мекунад ва дар сад ҳазор ҳаёт, ки маъсум ва маҳқун хоҳанд шуд дар ҳисни бими сиёсат, наменигарад

Кун миёни муҷримон ҳукм, эй Аёз,
Эй Аёзи пок, бо сад эҳтироз.
Гар дусад борат биҷӯшам дар амал,
Дар кафи ҷӯшат наёбам як дағал.
З-имтиҳон шарманда халқе бешумор,
Имтиҳонҳо аз ту ҷумла шармсор.
Баҳри беқаър аст, танҳо илм нест,
Кӯҳу сад кӯҳ аст ин худ, ҳилм нест.
Гуфт: «Ман донам атои туст ин
В-арна ман он чоруқам в-он пӯстин».
Баҳри он пайғамбар инро шарҳ сохт,
Ҳар кӣ худ бишнохт, Яздонро шинохт.
Чоруқат нутфасту хунат пӯстин,
Боқӣ, эй хоҷа, атои ӯст ин.
Баҳр он додаст, то ҷӯйе дигар
Ту магӯ, ки несташ ҷуз ин қадар.
З-он намояд чанд себ он боғбон,
То бидонӣ нахлу дахли бӯстон.
Каффи гандум з-он диҳад харёрро,
То бидонад гандуми анборро.
Нуктае з-он шарҳ гӯяд устод,
То шиносӣ илми ӯро мустазод.
В-ар бигӯйӣ худ ҳаминаш буду бас,
Дурат андозад, чунон, к-аз реш хас.
Эй Аёз, акнун биёву дод деҳ,
Доди нодир дар ҷаҳон бунёд неҳ.
Муҷримонат мустаҳиққи куштананд
В-аз тамаъ бар афву ҳилмат метананд.
То ки раҳмат ғолиб ояд, ё ғазаб?
Оби Кавсар ғолиб ояд, ё лаҳаб?
Аз пайи мардумрабоӣ ҳар ду ҳаст
Шохи ҳилму хашм аз аҳди аласт.
Баҳри ин лафзи аласти мустабин
Нафйю исбот аст дар лафзе қарин.
З-он ки истифҳоми исботест ин,
Лек дар вай лафзи «лайса» шуд дафин.
Тарк кун, то монад ин тақрири хом,
Косаи хосон манеҳ бар хони ом.
Қаҳру лутфе чун сабову чун вабо,
Он яке оҳанрабо в-ин каҳрабо.
Мекашад Ҳақ ростонро то рашад,
Қисми ботил ботилонро мекашад.
Меъда ҳалвоӣ бувад, ҳалво кашад,
Меъда сафроӣ бувад, сирко кашад.
Фарши сӯзон сардӣ аз ҷолис барад,
Фарши афсурда ҳароратро х(в)арад.
Дӯст бинӣ, аз ту раҳмат меҷаҳад,
Хасм бинӣ, аз ту сатват меҷаҳад.
Эй Аёз, ин корро зутар гузор,
З-он ки навъе интиқом аст интизор.

Саҳифаи 84/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj