Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Низомӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Таъҷил фармудани подшоҳ Аёзро, ки зуд ин ҳукмро ба файсал расон ва мунтазир мадор ва айёму байнано магӯ, ки «ал-интизору мавту-л-аҳмар» ва ҷавоб гуфтани Аёз шоҳро

Гуфт: «Эй шаҳ, ҷумлагӣ фармон турост,
Бо вуҷуди офтоб ахтар фаност.
Зӯҳра кӣ бвад ё Уторид ё шаҳоб?
К-ӯ бурун ояд ба пеши офтоб.
Гар зи далқу пӯстин бигзаштаме,
Кай чунин тухми маломат киштаме?
Қуфл кардан бар дари ҳуҷра чӣ буд?
Дар миёни сад хаёлии ҳасуд.
Даст дар карда даруни оби ҷӯ,
Ҳар яке з-эшон кулӯхи хушкҷӯ.
Пас, кулӯхи хушк дар ҷӯ кай бувад?
Моҳие бо об осӣ кай шавад?
Бар мани мискин, ҷафо доранд зан(н),
Ки вафоро шарм меояд зи ман».
Гар набудӣ заҳмати номаҳраме,
Чанд ҳарфе аз вафо вогуфтаме.
Чун ҷаҳоне шубҳату ишколҷӯст,
Ҳарф меронем мо беруни пӯст.
Гар ту худро бишканӣ, мағзе шавӣ,
Достони мағзи нағзе бишнавӣ.
Ҷавзро дар пӯстҳо овозҳост,
Мағзу равғанро худ овозе куҷост?
Дорӣ овозе, на андархурди гӯш,
Ҳаст овозаш ниҳон дар гӯши нӯш.
Гарна хушовозии мағзе бувад,
Жағ-жағи овози қишре кӣ шнавад?
Жағ-жағи он з-он таҳаммул мекунӣ,
То ки хомӯшона бар мағзе занӣ.
Чанд гоҳе бе лабу бе гӯш шав
В-онгаҳон чун лаб ҳарифи нӯш шав.
Чанд гуфтӣ назму насру рози фош,
Хоҷа, як рӯз имтиҳон кун, гунг бош.

Саҳифаи 85/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj