|
|
|
|
Ҳикоят дар тақрири ин сухан, ки чандин гоҳ гуфтугӯро озмудем, муддате сабру хомӯширо биёзмоемЧанд пухтӣ талху тезу шӯр газ, Ин яке бор, имтиҳон, ширин бипаз. Он якеро дар қиёмат з-интибоҳ Дар каф ояд номаи исён сиёҳ. Сарсияҳ чун номаҳои таъзия, Пурмаъосӣ матннома-в ҳошия. Ҷумла фисқу маъсият буд яксарӣ, Ҳамчу дорулҳарб пур аз кофире. Ончунон номай палиди пурвабол, Дар ямин н-ояд, дарояд дар шимол. Худ ҳамин ҷо номаи худро бибин, Дасти чапро шояд он, ё дар ямин? Мӯзаи чап, кафши чап ҳам дар дукон Они чап дони-ш, пеш аз имтиҳон. Чун набошӣ рост медон, ки чапӣ, Ҳаст пайдо наъраи шеру капӣ. Он ки гулро шоҳиду хушбӯ кунад, Ҳар чаперо рост фазли ӯ кунад. Ҳар шимолиро яминӣ ӯ диҳад, Баҳрро моъи маъинӣ ӯ диҳад. Гар чапӣ, бо ҳазрати ӯ рост бош, То бибинӣ дастбурди лутфҳош. Ту раво дорӣ, ки ин номай маҳин, Бигзарад аз чап, дарояд дар ямин? Инчунин нома, ки пурзулму ҷафост, Кай бувад худ дархур андар дасти рост?
86/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|