Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Дар баёни он ки дуъои орифи восил ва дархости ӯ аз Ҳақ ҳамчу дархости Ҳақ аст аз хештан, ки «кунту лаҳу самъан ва басаран ва лисонан ва ядан ва қавлуҳу: ва мо рамайта из рамайта ва локин Аллоҳа рамо» ва оёту ахбору осор дар ин бисёр аст ва шарҳи сабаб сохтани Ҳақ то муҷримро гӯш гирифта ва ба тавбаи Насӯҳ овард

Он дуъо аз ҳафт гардун даргузашт,
Кори он мискин ба охир хуб гашт.
К-он дуъои шайх на чун ҳар дуъост,
Фонӣ асту гуфти ӯ гуфти Худост.
Чун Худо аз худ суолу кад(д) кунад,
Пас дуъои хешро чун рад кунад?
Як сабаб ангехт сунъи зулҷалол,
Ки раҳонидаш зи нафрину вабол.
Андар он ҳаммом пур мекард ташт,
Гавҳаре аз духтари шаҳ ёва гашт.
Гавҳаре аз ҳалқаҳои гӯши ӯ,
Ёва гашту ҳар зане дар ҷустуҷӯ.
Пас дари ҳаммомро бастанд сахт,
То биҷӯянд аввалаш дар печи рахт.
Рахтҳо ҷустанду он пайдо нашуд,
Дузди гавҳар низ ҳам расво нашуд.
Пас ба ҷид ҷустан гирифтанд аз газоф
Дар даҳону гӯшу андар ҳар шикоф.
Дар шикофи таҳту фавқи ҳар тараф
Ҷустуҷӯ карданд дурре хушсадаф.
Бонг омад, ки ҳама урён шавед,
Ҳар кӣ ҳастед, ар аҷузу гар навед.
Як ба якро ҳоҷиба ҷустан гирифт,
То падид ояд гуҳардонай шигифт.
Он Насӯҳ аз тарс шуд дар хилвате,
Рӯй зарду лаб кабуд аз хашйате.
Пеши чашми хеш ӯ медид марг,
Рафту меларзид ӯ монанди барг.
Гуфт: «Ё раб, борҳо баргаштаам,
Тавбаҳову аҳдҳо бишкастаам.
Кардаам онҳо, ки аз ман месазид,
То чунин сели сиёҳе даррасид.
Навбати ҷустан агар дар ман расад,
Ваҳ, ки ҷони ман чӣ сахтиҳо кашад.
Дар ҷигар афтодаастам сад шарар,
Дар муноҷотам бибин бӯйи ҷигар.
Инчунин андӯҳ кофирро мабод,
Домани раҳмат гирифтам, дод, дод!
Кошкӣ модар назодӣ мар маро,
Ё маро шере бихӯрдӣ дар чаро.
Эй Худо, он кун, ки аз ту месазад,
Ки зи ҳар сӯрох морам мегазад.
Ҷони сангин дораму дил оҳанин
В-арна хун гаштӣ дар ин ранҷу ҳанин.
Вақт танг омад марову як нафас
Подшоҳӣ кун, маро фарёд рас.
Гар маро ин бор сатторӣ кунӣ,
Тавба кардам ман зи ҳар нокарданӣ.
Тавбаам бипзир ин бори дигар,
То бибандам баҳри тавба сад камар.
Ман агар ин бор тақсире кунам,
Пас дигар машнав дуъову гуфтанам».
Ин ҳамезориду сад қатра равон,
Ки дарафтодам ба ҷаллоду авон.
То намирад ҳеч афранге чунин,
Ҳеч мулҳидро мабодо ин ҳанин.
Навҳаҳо мекард ӯ бар ҷони хеш,
Рӯйи Азройил дида пеш-пеш.
Эй Худову, эй Худо чандон бигуфт,
К-он дару девор бо ӯ гашт ҷуфт.
Дар миёни ё рабу ё раб буд ӯ,
Бонг омад аз миёни ҷустуҷӯ:

Саҳифаи 89/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵