|
Навбати ҷустан расидан ба Насӯҳ ва овоз омадан, ки ҳамаро ҷустем, Насӯҳро биҷӯед ва беҳуш шудани Насӯҳ аз он ҳайбат ва гушода шудани кор баъд аз ниҳояти бастагӣ «камо кона яқулу расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам изо асобаҳу маразун ав ҳаммун: ашатадди азматун танфариҷи»«Ҷумларо ҷустем пеш ой, эй Насӯҳ», Гашт беҳуш он замон, паррид рӯҳ. Ҳамчу девори шикаста дарфитод, Ҳушу ақлаш рафт, шуд ӯ чун ҷамод. Чунки ҳушаш рафт аз тан, беамон, Сирри ӯ бо Ҳақ бипайваст он замон. Чун тиҳӣ гашту вуҷуди «ӯ» намонд, Бози ҷонашро Худо дар пеш хонд. Чун шикаст он киштии ӯ бемурод, Дар канори раҳмати дарё фитод. Ҷон ба Ҳақ пайваст чун беҳуш шуд, Мавҷи раҳмат он замон дар ҷӯш шуд. Чунки ҷонаш вораҳид аз нанги тан, Рафт шодон пеши асли хештан. Ҷон чу бозу тан мар ӯро кундае, Пойбаста, паршикаста, бандае. Чунки ҳушаш рафту пояш баргушод, Мепарад он боз сӯйи Кайқубод. Чунки дарёҳои раҳмат ҷӯш кард, Сангҳо ҳам оби ҳайвон нӯш кард. Зарраи лоғар шигарфу зафт шуд, Фарши хокӣ атласу зарбафт шуд. Мурдаи садсола берун шуд зи гӯр, Деви малъун шуд ба хубӣ рашки ҳур. Ин ҳама рӯйи замин сарсабз шуд, Чӯби хушк ушкуфа карду нағз шуд. Гург бо барра ҳарифи май шуда, Ноумедон хушрагу хушпай шуда.
Саҳифаи 90/177 |