Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Навбати ҷустан расидан ба Насӯҳ ва овоз омадан, ки ҳамаро ҷустем, Насӯҳро биҷӯед ва беҳуш шудани Насӯҳ аз он ҳайбат ва гушода шудани кор баъд аз ниҳояти бастагӣ «камо кона яқулу расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам изо асобаҳу маразун ав ҳаммун: ашатадди азматун танфариҷи»

«Ҷумларо ҷустем пеш ой, эй Насӯҳ»,
Гашт беҳуш он замон, паррид рӯҳ.
Ҳамчу девори шикаста дарфитод,
Ҳушу ақлаш рафт, шуд ӯ чун ҷамод.
Чунки ҳушаш рафт аз тан, беамон,
Сирри ӯ бо Ҳақ бипайваст он замон.
Чун тиҳӣ гашту вуҷуди «ӯ» намонд,
Бози ҷонашро Худо дар пеш хонд.
Чун шикаст он киштии ӯ бемурод,
Дар канори раҳмати дарё фитод.
Ҷон ба Ҳақ пайваст чун беҳуш шуд,
Мавҷи раҳмат он замон дар ҷӯш шуд.
Чунки ҷонаш вораҳид аз нанги тан,
Рафт шодон пеши асли хештан.
Ҷон чу бозу тан мар ӯро кундае,
Пойбаста, паршикаста, бандае.
Чунки ҳушаш рафту пояш баргушод,
Мепарад он боз сӯйи Кайқубод.
Чунки дарёҳои раҳмат ҷӯш кард,
Сангҳо ҳам оби ҳайвон нӯш кард.
Зарраи лоғар шигарфу зафт шуд,
Фарши хокӣ атласу зарбафт шуд.
Мурдаи садсола берун шуд зи гӯр,
Деви малъун шуд ба хубӣ рашки ҳур.
Ин ҳама рӯйи замин сарсабз шуд,
Чӯби хушк ушкуфа карду нағз шуд.
Гург бо барра ҳарифи май шуда,
Ноумедон хушрагу хушпай шуда.

Саҳифаи 90/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj