Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ёфта шудани гавҳар ва ҳалолӣ хостани ҳоҷибагон ва канизакони шоҳзода аз Насӯҳ

Баъд аз он хавфе ҳалоки ҷон буда,
Муждаҳо омад, ки инак гумшуда.
Бонг омад ногаҳон, ки рафт бим,
Ёфт шуд гумгашта – он дурри ятим.
Ёфт шуд в-андар фараҳ дарёфтем,
Муждагонӣ деҳ, ки гавҳар ёфтем.
Аз ғиреву наъраву дастак задан
Пур шуда ҳаммом «қад зола-л-ҳазан».
Он Насӯҳи рафта боз омад ба хеш,
Дид чашмаш тобиши сад рӯз беш.
Ме-ҳалолӣ хост аз вай ҳар касе,
Бӯса медоданд бар дасташ басе:
«Бад гумон бурдему кун моро ҳалол,
Гӯшти ту хӯрдем андар қилу қол».
З-он ки занни ҷумла бар вай беш буд,
З-он ки дар қурбат зи ҷумла пеш буд.
Хоси даллокаш буду маҳрам, Насӯҳ,
Балки ҳамчун ду тане, як гашта рӯҳ.
«Гавҳар ар бурдаст, ӯ бурдасту кас
З-ӯ мулозимтар ба хотун нест кас».
Аввал ӯро хост ҷустан дар набард,
Баҳри ҳурмат дошташ, таъхир кард.
То бувад, к-онро бияндозад ба ҷо,
Андар ин мӯҳлат раҳонад хешро.
Ин ҳалолиҳо аз ӯ мехостанд
В-аз барои узр бармехостанд.
Гуфт: «Буд фазли Худои додгар
В-арна з-он чи-м гуфта шуд, ҳастам батар.
Чӣ ҳалолӣ хост мебояд зи ман?
Ки манам муҷримтари аҳли заман.
Он чӣ гуфтандам зи бад аз сад якест,
Бар ман ин кашф аст, ар касро шакест.
Кас чӣ медонад зи ман ҷуз андаке
Аз ҳазорон ҷурму бад феълам яке.
Ман ҳамедонам ва он саттори ман
Ҷурмҳову зиштии кирдори ман.
Аввал Иблисе маро устод буд,
Баъд аз он Иблис пешам бод буд.
Ҳақ бидид он ҷумларо, нодида кард,
То нагардам дар фазиҳат рӯйзард.
Боз раҳмат пӯстиндӯзим кард,
Тавбаи ширин чу ҷон рӯзим кард.
Ҳар чӣ кардам, ҷумла нокарда гирифт,
Тоати нокарда оварда гирифт.
Ҳамчу сарву савсанам озод кард,
Ҳамчу бахту давлатам дилшод кард.
Номи ман дар номаи покон навишт,
Дӯзахӣ будам, бибахшидам биҳишт.
Оҳ кардам, чун расан шуд оҳи ман,
Гашт овезон расан дар чоҳи «ман».
Он расан бигрифтаму берун шудам,
Шоду зафту фарбеҳу гулгун шудам.
Дар буни чоҳе ҳамебудам забун,
Дар ҳамай олам намегунҷам кунун.
Офаринҳо бар ту бодо, эй Худо!
Ногаҳон кардӣ маро аз ғам ҷудо.
Гар сари ҳар мӯйи ман ёбад забон,
Шукрҳои ту наёяд дар баён.
Мезанам наъра дар ин рӯза-в ъуюн,
Халқро: «Ё лайта қавми яъламун».

Саҳифаи 91/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵