|
Бозхондани шаҳзода Насӯҳро аз баҳри даллокӣ, баъд аз истеҳкоми тавба ва қабули тавба ва баҳона кардани ӯ ва дафъ гуфтанБаъд аз он омад касе, к-аз марҳамат Духтари султони мо мехонадат. Духтари шоҳат ҳамехонад, биё, То сараш шӯӣ кунун, эй порсо! Ҷуз ту даллоке намехоҳад дилаш, Ки бимолад, ё бишӯяд бо гилаш. Гуфт: «Рав, рав, дасти ман бекор шуд В-ин Насӯҳи ту кунун бемор шуд. Рав, касе дигар биҷӯ иштобу тафт, Ки маро, валлоҳ, даст аз кор рафт». Бо дили худ гуфт, к-аз ҳад рафт ҷурм, Аз дили ман кай равад он тарсу гурм? Ман бимурдам як раҳу боз омадам, Ман чашидам талхии маргу адам. Тавбае кардам ҳақиқат бо Худо, Нашканам, то ҷон шудан аз тан ҷудо. Баъд аз он меҳнат киро бори дигар По равад сӯйи хатар? Илло, ки хар.
Саҳифаи 92/177 |