Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари панҷум

 
rumi

Ҳикоят дар баёни он ки касе тавба кунад ва пушаймон шавад ва боз он пушаймониҳоро фаромӯш кунад ва озмударо боз озмояд, дар хисорати абад афтад, чун тавбаи ӯро суботеву қуввате ва ҳаловатеву қабуле мадад нарасад, чун дарахти бебех ҳар рӯз зардтар ва хушктар «наъузубиллоҳ»

Гозуре буду мар ӯро як харе,
Пуштреш, ишкамтиҳиву лоғаре.
Дар миёни санглохи бегиёҳ,
Рӯз то шаб бенавову бепаноҳ.
Баҳри хӯрдан ҷуз ки об он ҷо набуд,
Рӯзу шаб буд хар дар он кӯру кабуд.
Он ҳаволий найситону беша буд,
Шер буд он ҷо, ки сайдаш пеша буд.
Шерро бо пили нар ҷанг уфтод,
Хаста шуд он шеру монд аз истиёд.
Муддате вомонд з-он заъф аз шикор,
Бенаво монданд дад аз чоштхор.
З-он ки боқихори шер эшон буданд,
Шер чун ранҷур шуд, танг омаданд.
Шер як рӯбоҳро фармуд: «Рав,
Мар хареро баҳри ман сайёд шав.
Гар харе ёбӣ ба гирди марғзор,
Рав фусунаш хон, фиребонаш, биёр.
Чун биёбам қуввате аз гӯшти хар,
Пас бигирам баъд аз он сайде дигар.
Андаке ман мехурам, боқӣ шумо,
Ман сабаб бошам шуморо дар наво.
Ё харе, ё гов, баҳри ман биҷӯй,
З-он фусунҳое, ки медонӣ, бигӯй.
Аз фусуну аз суханҳои х(в)ашаш
Аз сараш берун куну ин ҷо кашаш».

Саҳифаи 93/177
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj