Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ташбеҳ кардани қутб, ки орифи восил аст дар уҷро додани халқ аз қути мағфират ва раҳмат бар маротибе, ки Ҳаққаш илҳом диҳад ва тамсил ба шер, ки дад уҷрохор ва боқихори вайанд, бар маротиби қурби эшон ба шер, на қурби маконӣ, балки қурби сифатӣ ва тафосили ин бисёр аст «валлоҳу-л-ҳодӣ»

Қутби шеру сайд кардан кори ӯ,
Боқиён ин халқ боқихори ӯ.
То тавонӣ, дар ризои қутб кӯш,
То қавӣ гардад, кунад сайди вуҳуш.
Чун биранҷад, бенаво монанд халқ,
К-аз кафи ақл аст ҷумлай зарқи ҳалқ.
З-он ки ваҷди халқ боқихӯрди ӯст,
Ин нигаҳ дор, ар дили ту сайдҷӯст.
ӯ чӣ ақлу халқ чун аъзои тан,
Бастаи ақл аст тадбири бадан.
Заъфи қутб аз тан бувад, аз рӯҳ не,
Заъф дар киштӣ бувад, дар Нӯҳ не.
Қутб он бошад, ки гирди худ танад,
Гардиши афлок гирди ӯ бувад.
Ёрие деҳ дар мараммай киштияш,
Гар ғуломи хосу банда гаштияш.
Ёрият дар ту физояд, н-андар ӯ,
Гуфт Ҳақ: «Ин тансуруллаҳ, тунсару».
Ҳамчу рӯбаҳ сайд гиру кун фидеш,
То иваз гирӣ ҳазорон сайд беш.
Рӯбаҳона бошад он сайди мурид,
Мурда гирад сайд кафтори марид.
Мурда пеши ӯ кашӣ, зинда шавад,
Чирк дар полиз рӯянда шавад.
Гуфт рӯбаҳ: «Шерро хидмат кунам,
Ҳилаҳо созам, зи ақлаш барканам.
Ҳилаву афсунгарӣ кори ман аст,
Кори ман дастону аз раҳ бурдан аст».
Аз сари куҳ ҷониби ҷӯ мешитофт,
Он хари мискини лоғарро биёфт.
Пас саломи гарм карду пеш рафт,
Пеши он содадили дарвеш рафт.
Гуфт: «Чунӣ андар ин саҳрои хушк?
Дар миёни санглоху ҷойи хушк».
Гуфт хар: «Гар дар ғамам, гар дар Ирам,
Қисматам Ҳақ кард, ман з-он шокирам.
Шукр гӯям дӯстро дар хайру шар,
З-он ки ҳаст андар қазо аз бад батар.
Чунки қассом ӯст, куфр омад гила,
Сабр бояд, «сабру мифтоҳуссила».
Ғайри Ҳақ ҷумла адӯанд, ӯст дӯст,
Бо адӯ аз дӯст шикват кай накӯст?
То диҳад дӯғам, нахоҳам ангубин,
З-он ки ҳар неъмат ғаме дорад қарин».

Страница 94/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj