Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

دفتر پنجوم

 
rumi

Ҳикояти дидани хари ҳезумфурӯш бонавоии асбони тозиро бар охури хосс ва таманно бурдан он давлатро, дар мавъизаи он, ки таманно набояд бурдан илло мағфират ва иноят ва ҳидоят, ки агар дар сад лавн ранҷе, чун лаззати мағфират бувад, ҳама ширин шавад. Боқии ҳар давлате, ки онро ноозмуда таманно мебарӣ, бо он ранҷе қарин аст, ки онро намебинӣ, чунонки аз ҳар доме дона пайдо бувад ва фах пинҳон. Ту дар ин як дом мондаӣ, таманно мебарӣ, ки кошкӣ бо он донаҳо рафтаме. Пиндорӣ, ки он донаҳо бедом аст?

Буд саққое, мар ӯро як харе,
Гашта аз меҳнат дуто чун чанбаре.
Пушташ аз бори гарон сад ҷой реш,
Ошиқу ҷӯёни рӯзи марги хеш.
Ҷав куҷо? Аз коҳи хушк ӯ сер не,
Дар ақиб захмеву сихи оҳанӣ.
Мири охур дид ӯро, раҳм кард,
К-ошнои соҳиби хар буд мард.
Пас саломаш карду пурсидаш зи ҳол,
К-аз чӣ ин хар гашт дуто ҳамчу дол?
Гуфт: «Аз дарвешиву тақсири ман
Каҳ намеёбад худ ин бастадаҳан».
Гуфт: «Биспораш ба ман ту рӯз чанд,
То шавад дар охури шаҳ зӯрманд».
Хар бад-ӯ биспурду он раҳматпараст
Дар миёни охури султон-ш баст.
Хар зи ҳар сӯ маркаби тозӣ бидид,
Бонавову фарбеҳу хубу ҷадид.
Зери пошон рӯфта, обе зада,
Каҳ ба вақту ҷав ба ҳангом омада.
Хоришу молиш мар асбонро бидид,
Пӯз боло кард, к-эй рабби маҷид!
На ки махлуқи туам? Гирам харам,
Аз чӣ зору пуштрешу лоғарам?
Шаб зи дарди пушту аз ҷӯъи шикам
Орзумандам ба мурдан дам ба дам.
Ҳоли ин асбон чунин хуш, бонаво,
Ман чӣ махсусам ба таъзибу бало?»
Ногаҳон овозаи бегор шуд,
Тозиёнро вақти зину кор шуд.
Захмҳои тир хӯрданд аз адӯ,
Рафт пайконҳо дар эшон сӯ ба сӯ.
Аз ғазо бозомаданд он тозиён,
Андар охур ҷумла афтода ситон.
Пойҳошон баста муҳкам бо навор,
Наълбандон истода бар қатор.
Мешикофиданд танҳошон ба неш,
То бурун оранд пайконҳо зи реш.
Он хар онро диду мегуфт: «Эй Худо!
Ман ба фақру офият додам ризо.
З-он наво безораму з-он захми зишт,
Ҳар кӣ хоҳад офият, дунё биҳишт».

Саҳифаи 95/177
 
دفتریکوم
دفتر دویم
دفتر سوم
دفتر چهاروم
دفتر ششوم

زندگی نامه
رباع ها
گلچین روباعیات
لغت ها
صورت ها
دگر منابع
 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵