|
Ҷавоб гуфтани хар рӯбоҳроГуфт: «Аз заъфи таваккул бошад он В-арна бидҳад нон касе, ки дод ҷон. Ҳар кӣ ҷӯяд подшоҳиву зафар, Кам наёяд луқмае нон, эй писар! Дому дад, ҷумла ҳама акколи ризқ, На пайи касбанд, на ҳаммоли ризқ. Ҷумларо раззоқ рӯзӣ медиҳад, Қисмати ҳар як ба пешаш мениҳад. Ризқ ояд пеши ҳар кӣ сабр ҷуст, Ранҷи кӯшишҳо зи бесабрии туст».
Страница 97/177 |