|
Муқаддимаи дафтари шашумБисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Муҷаллади шашум аз дафтарҳои «Маснавӣ» ва баййиноти маънавӣ, ки мисбоҳи заломи ваҳм ва шубҳату хаёлоти шакку райбат бошад ва ин мисбоҳро ба ҳисси ҳайвонӣ идрок натавон кард, зеро мақоми ҳайвонӣ асфали софилин аст, ки эшонро аз баҳри иморати сурати олами асфал офаридаанд ва бар ҳавосс ва мадорики эшон дойирае кашидаанд, ки аз он дойира таҷовуз накунанд, «золика тақдиру-л-ъазизи-л-ъалим», яъне миқдори расидани амали эшон ва ҷавлони назари эшон падид кард, чунонки ҳар ситораро миқдорест ва коргоҳе аз фалак, ки то он ҳад, амали ӯ бирасад ва ҳамчун ҳокими шаҳре, ки ҳукми ӯ дар он шаҳр нофиз бошад, пас дар варои тавобиъи он шаҳр, ӯ ҳоким набошад. «Асамналлоҳу мин ҳабсиҳи ва хатмиҳи ва мо ҳаҷаба биҳи-л-маҳҷубин. Омин ё рабба-л-ъоламин».
Эй ҳаёти дил, Ҳусомуддин, басе
Майл меҷӯшад ба қисми содисе.
Гашт аз ҷазби чу ту алломае
Дар ҷаҳон гардон «Ҳусоминома»-е.
Пешкаш меорамат, эй маънавӣ,
Қисми содис дар тамоми маснавӣ.
Шаш ҷиҳатро нур деҳ з-он шаш суҳуф,
«Кай ятуфа ҳавлаҳу ман лам ятуф».
Ишқро бо панҷу бо шаш кор нест,
Мақсади ӯ ҷуз ки ҷазби ёр нест.
Бу, ки «фимобаъд» дастуре расад,
Розҳои гуфтанӣ гуфта шавад.
Бо баёне, ки бувад наздиктар
З-ин киноёти дақиқи мустатар.
Роз ҷуз бо роздон анбоз нест,
Роз андар гӯши мункир роз нест.
Лек даъват ворид аст аз кирдгор,
Бо қабулу ноқабул ӯро чӣ кор?
Нӯҳ нӯҳсад сол даъват менамуд,
Дам ба дам инкори қавмаш мефузуд.
Ҳеч аз гуфтан инон вопас кашид?
Ҳеч андар ғори хомӯшӣ хазид?
Гуфт: «Аз бонгу алолои сагон
Ҳеч вогардад зи роҳе корвон?
Ё шаби маҳтоб аз ғавғои саг
Суст гардад бадрро дар сайр таг?
Маҳ фишонад нуру саг ав-ав кунад,
Ҳар касе бар хилқати худ метанад.
Ҳар касеро хидмате дода қазо
Дархури он гавҳараш дар ибтило.
Чунки нагзорад саг он наърай сақам,
Ман маҳам, сайрони худро чун ҳилам?
Чунки сирка сиркагӣ афзун кунад,
Пас шакарро воҷиб афзунӣ бувад.
Қаҳр сирка, лутф ҳамчун ангубин,
К-ин ду бошад рукни ҳар исканҷабин.
Ангубин гар пой кам орад зи хал,
Ояд он исканҷабин-андар халал».
Қавм бар вай сиркаҳо мерехтанд,
Нӯҳро дарё фузун мерехт қанд.
Қанди ӯро буд мадад аз баҳри ҷуд,
Пас зи сиркай аҳли олам мефузуд.
«Воҳидун ка-л-алф» кӣ бвад? Он валӣ,
Балки сад қарн аст он абдулалӣ.
Хум, ки аз дарё дар ӯ роҳӣ шавад,
Пеши ӯ ҷайҳунҳо зону занад.
Хоса ин дарё, ки дарёҳо ҳама,
Чун шуниданд ин мисолу дамдама.
Шуд даҳоншон талх аз ин шарму хаҷал,
Ки қарин шуд номи аъзам бо ақал.
Дар қирони ин ҷаҳон бо он ҷаҳон
Ин ҷаҳон аз шарм мегардад ҷаҳон.
Ин иборат тангу қосиррутбат аст
В-арна хасро бо ахас чӣ нисбат аст?
Зоғ дар зар наъраи зоғон занад,
Булбул аз овози хуш кай кам кунад?
Пас харидор аст ҳар якро ҷудо,
Андар ин бозори «яфъал мояшо».
Нуқли хористон ғизои оташ аст,
Бӯйи гул қути димоғи сарх(в)аш аст.
Гар палидӣ пеши мо расво бувад,
Хуку сагро шаккару ҳалво бувад.
Гар палидон ин палидиҳо кунанд,
Обҳо бар пок кардан метананд.
Гарчи морон заҳр афшон мекунанд
В-арчи талхонмон парешон мекунанд.
Наҳлҳо бар кӯҳу кандуву шаҷар
Мениҳанд аз шаҳд анбори шакар.
Заҳрҳо ҳарчанд заҳрӣ мекунанд,
Зуд тарёқоташон бармекананд.
Ин ҷаҳон ҷанг асту кул, чун бингарӣ,
Зарра бо зарра, чу дин бо кофарӣ.
Он яке зарра ҳамепаррад ба чап
В-он дигар сӯйи ямин андар талаб.
Заррае болову он дигар нигун,
Ҷанги феълишон бибин андар рукун.
Ҷанги феълӣ ҳаст аз ҷанги ниҳон,
З-ин тахолуф он тахолуфро бидон.
Заррае, к-он маҳв шуд дар офтоб,
Ҷанги ӯ берун шуд аз васфу ҳисоб.
Чун зи зарра маҳв шуд нафсу нафас,
Ҷангаш акнун ҷанги хуршед аст бас.
Рафт аз вай ҷунбиши табъу сукун,
Аз чӣ? Аз «инно илайҳи роҷиъун».
Мо ба баҳри ту зи худ роҷеъ шудем
В-аз разоъи асл мустарзеъ шудем.
Дар фурӯъи роҳ, эй монда зи ғул!
Лоф кам зан аз усул, эй беусул!
Ҷанги мову сулҳи мо дар нури айн
Нест аз мо, ҳаст «байна исбаъайн».
Ҷанги табъӣ, ҷанги феълӣ, ҷанги қавл
Дар миёни ҷузвҳо ҳарбест ҳавл.
Ин ҷаҳон з-ин ҷанг қоим мебувад,
Дар аносир дарнигар, то ҳал шавад.
Чор унсур чор устуни қавист,
Ки бад-эшон сақфи дунё муставист.
Ҳар сутуне ишканандай он дигар,
Устуни об ишканандай он шарар.
Пас бинои халқ бар аздод буд,
Лоҷарам мо ҷангием аз зарру суд.
Ҳаст аҳволам хилофи ҳамдигар,
Ҳар яке бо ҳам мухолиф дар асар.
Чунки ҳар дам роҳи худро мезанам,
Бо дигар кас созгорӣ чун кунам?
Мавҷи лашкарҳои аҳволам бибин,
Ҳар яке бо дигаре дар ҷангу кин.
Менигар дар худ чунин ҷанги гарон,
Пас чӣ машғулӣ ба ҷанги дигарон?
Ё магар з-ин ҷанг ҳаққат вохарад,
Дар ҷаҳони сулҳи якрангат барад.
Он ҷаҳон ҷуз боқиву обод нест,
З-он ки он таркиб аз аздод нест.
Ин тафонӣ аз зид ояд зиддро,
Чун набошад зидд, набвад ҷуз бақо.
Нафйи зид кард аз биҳишт он беназир,
Ки набошад шамсу зиддаш замҳарир.
Ҳаст берангӣ усули рангҳо,
Сулҳҳо бошад усули ҷангҳо.
Он ҷаҳон аст асли ин пурғам висоқ,
Васл бошад асли ҳар ҳаҷру фироқ.
Ин мухолиф аз чием, эй хоҷа, мо?
В-аз чӣ зояд ваҳдат ин аъдодро?
З-он ки мо фаръему чор аздод асл,
Хӯйи худ дар фаръ кард эҷод асл.
Гавҳари ҷон чун варои фаслҳост,
Хӯйи ӯ ин нест, хӯйи кибриёст.
Ҷангҳо бин, к-он усули сулҳҳост,
Чун набӣ, ки ҷанги ӯ баҳри Худост.
Ғолиб асту чир дар ҳар ду ҷаҳон,
Шарҳи ин ғолиб нагунҷад дар даҳон.
Оби Ҷайҳунро агар натвон кашид,
Ҳам зи қадри ташнагӣ натвон бурид.
Гар шудӣ атшони баҳри маънавӣ,
Фурҷае кун, дар ҷазирай маснавӣ.
Фурҷа кун чандон, ки андар ҳар нафас
Маснавиро маънавӣ биниву бас.
Бод каҳро з-оби ҷӯ чун во кунад,
Об якрангии худ пайдо кунад.
Шохҳои тозаи марҷон бибин,
Меваҳои руста з-оби ҷон бибин.
Чун зи ҳарфу савту дам якто шавад,
Он ҳама бигзораду дарё шавад.
Ҳарф гӯву ҳарф нӯшу ҳарфҳо
Ҳар се ҷон гарданд андар интиҳо.
Нондиҳанда-в нонситону нони пок
Сода гарданд аз сувар, гарданд хок.
Лек маънишон бувад дар се мақом,
Дар маротиб, ҳам мумаййиз, ҳам мудом.
Хок шуд сурат, вале маънӣ нашуд,
Ҳар кӣ гӯяд: «шуд», ту гӯяш: «не, нашуд».
Дар ҷаҳони рӯҳ ҳар се мунтазир,
Гаҳ зи сурат ҳорибу гаҳ мустақир.
Амр ояд «дар сувар рав», дарравад,
Боз ҳам з-амраш муҷаррад мешавад.
Пас «лаҳу-л-халқу лаҳу-л-амр»-аш бидон,
Халқ сурат, амр ҷон, рокиб бар он.
Рокибу маркуб дар фармони шоҳ,
Ҷисм бар даргоҳу ҷон дар боргоҳ.
Чунки хоҳад, к-об ояд дар сабӯ,
Шоҳ гӯяд ҷайши ҷонро к– «аркибу».
Боз ҷонҳоро чу хонад дар улу,
Бонг ояд аз нақибон, к– «анзилу».
Баъд аз ин борик хоҳад шуд сухун,
Кам кун оташ, ҳезумаш афзун макун.
То наҷӯшад дегҳои хурд зуд,
Деги идрокот хурд асту фуруд.
Пок субҳоне, ки себистон кунад,
Дар ғамоми ҳарфашон пинҳон кунад.
З-ин ғамоми бонгу ҳарфу гуфтугӯй
Пардае, к-аз себ н-ояд ғайри бӯй.
Боре афзун каш ту ин бӯро ба ҳуш,
То сӯйи аслат барад бигрифта гӯш.
Бӯ нигаҳ дору бипарҳез аз зуком,
Тан бипӯш аз боду буди сарди ом.
То наяндояд машоматро з-асар,
Эй ҳавошон аз зимистон сардтар.
Чун ҷамоданду фисурда-в тан шигарф,
Меҷаҳад анфосашон аз талли барф.
Чун замин з-ин барф дарпӯшад кафан,
Теғи хуршеди Ҳусомуддин бизан.
Ҳин, барор аз Шарқ сайфуллоҳро,
Гарм кун з-он Шарқ ин даргоҳро.
Барфро ханҷар занад он офтоб,
Селҳо резад зи кӯҳҳо бар туроб.
З-он ки «ло шарқисту ло ғарбист» ӯ,
Бо мунаҷҷим рӯзу шаб ҳарбист ӯ.
Ки чаро ҷуз ман нуҷуми беҳудо
Қибла кардӣ аз лаъимиву ъамо?
То хушат н-ояд мақоли он амин
Дар нубӣ, ки «ло уҳиббу-л-офилин».
Аз қузаҳ дар пеши маҳ бастӣ камар,
З-он ҳамеранҷӣ зи «в-аншаққа-л-қамар».
Мункирӣ инро, ки «шамсун куввират»,
Шамс пеши туст аъломартабат.
Аз ситора дида тасрифи ҳаво,
Нохушат ояд «иза-н-наҷму ҳаво».
Худ муассиртар набошад маҳ зи нон,
Эй басо нон, ки бибуррад ирқи ҷон.
Худ муассиртар набошад Зӯҳра з-об,
Эй басо обо, ки кард ӯ тан хароб.
Меҳри он дар ҷони тусту панди дӯст
Мезанад бар гӯши ту беруни пӯст.
Панди мо дар ту нагирад, эй фалон!
Панди ту дар мо нагирад ҳам, бидон.
Ҷуз магар мифтоҳи хос ояд зи дӯст,
Ки «мақолиду-с-самовот» они ӯст.
Ин сухан ҳамчун ситорасту қамар,
Лек бефармони Ҳақ надҳад асар.
Ин ситорай беҷиҳат таъсири ӯ,
Мезанад бар гӯшҳои ваҳйҷӯ.
Ки биёед аз ҷиҳат то беҷиҳот,
То надарронад шуморо гурги мот.
Ончунон ки ламъаи дурпоши ӯст,
Шамси дунё дар сифат хуффоши ӯст.
Ҳафт чархи азрақӣ дар риққи ӯст,
Пайки моҳ андар табу дар диққи ӯст.
Зӯҳра чанги масъала дар вай зада,
Муштарӣ бо нақди ҷон пеш омада.
Дар ҳавои дастбӯси ӯ Зуҳал,
Лек худро менабинад он маҳал.
Даступо Миррих чандин хаст аз ӯ
В-он Уторид сад қалам бишкаст аз ӯ.
Бо мунаҷҷим ин ҳама анҷум ба ҷанг,
К-эй раҳо карда ту ҷон, бигзида ранг.
Ҷон вай асту мо ҳама рангу руқум,
Кавкаби ҳар фикр ӯ, ҷони нуҷум.
Фикр ку он ҷо, ҳама нур аст пок,
Баҳри туст ин лафзи фикр, эй фикрнок!
Ҳар ситора хона дорад дар уло,
Ҳеч хона - дар нагунҷад наҷми мо.
Ҷой сӯз андар макон кай дарравад?
Нури номаҳдудро ҳад кай бувад?
Лек тамсилеву тасвире кунанд,
То ки дарёбад заъифе ишқманд.
Мисл набвад, лек бошад он мисел,
То кунад ақли муҷаммадро гусел.
Ақл сартез аст, лекин пой суст,
З-он ки дил вайрон шудасту тан дуруст.
Ақлашон дар нақли дунё печ-печ,
Фикрашон дар тарки шаҳват ҳеч-ҳеч.
Садрашон дар вақти даъво ҳамчу Шарқ,
Сабрашон дар вақти тақво ҳамчу барқ.
Олиме андар ҳунарҳо худнамо,
Ҳамчу олам бевафо вақти вафо.
Вақти худбинӣ нагунҷад дар ҷаҳон,
Дар гулӯву меъда гум гашта чу нон.
Ин ҳама авсофашон некӯ шавад,
Бад намонад, чунки некӯҷӯ шавад.
Гар манӣ ганда бувад ҳамчун манӣ,
Чун ба ҷон пайваст, ёбад равшанӣ.
Ҳар ҷамоде, ки кунад рӯ дар набот,
Аз дарахти бахти ӯ рӯяд ҳаёт.
Ҳар наботе, к-он ба ҷон рӯ оварад,
Хизрвор аз чашмаи ҳайвон х(в)арад.
Боз ҷон чун рӯ сӯйи ҷонон ниҳад,
Рахтро дар умри бепоён ниҳад.
Саҳифаи 1/140 |