|
Ҳикояти он посбон, ки хомӯш кард, то дуздон рахти тоҷирон бурданд ба куллӣ, баъд аз он ҳайҳою посбонӣ мекард Посбоне хуфту дузд асбоб бурд, Рахтҳоро зери ҳар хоке фишурд. Рӯз шуд, бедор шуд он корвон, Дид рафта рахту симу уштурон. Пас бад-ӯ гуфтанд: «Эй Ҳорис, бигӯ, Ки чӣ шуд ин рахт? В-ин асбоб ку?» Гуфт: «Дуздон омаданд андар ниқоб, Рахтҳо бурданд аз пешам шитоб». Қавм гуфтандаш, ки эй чун талли рег! Пас чӣ мекардӣ? Киӣ, эй мурдарег?» Гуфт: «Ман як кас будам, эшон гурӯҳ, Бо силоҳу бо шуҷоъат, бо шукӯҳ». Гуфт: «Агар дар ҷанг кам будат умед, Наърае зан, к-эй каримон, барҷаҳед». Гуфт: «Он дам корд бинмуданду теғ, Ки хамуш в-арна кушемат бедареғ. Он замон аз тарс бастам ман даҳон, Ин замон ҳайҳою фарёду фиғон». Он замон баст он дамам, ки дам занам, Ин замон чандон, ки хоҳӣ ҳай кунам. Чунки умрат бурд деви фозиҳа, Бенамак бошад аъузу фотиҳа. Гарчи бошад бенамак акнун ҳанин, Ҳаст ғафлат бенамактар з-он, яқин. Ҳамчунин ҳам бенамак менол низ, Ки залилонро назар кун, эй азиз! Қодирӣ бегоҳ бошад, ё багоҳ, Аз ту чизе фавт кай шуд? Эй Илоҳ! Шоҳи «ло таъсав ало мофотакум», Кай шавад аз қудраташ матлуб гум?
Саҳифаи 15/140 |