|
|
|
|
Даромадани зарир дар хонаи Мустафо алайҳиссалом ва гурехтани Ойиша разияллоҳу анҳо аз пеши зарир ва гуфтани расул алайҳиссалом, ки чӣ мегурезӣ? ӯ туро намебинад ва ҷавоб додани Ойиша разияллоҳу анҳо расулро саллаллоҳу алайҳу ва саллам Андар омад пеши пайғамбар зарир, К-эй навобахши танӯри ҳар хамир. Эй ту мири обу ман мустасқиам, Мустағос, ал-мустағос, эй соқиам! Чун даромад он зарир аз дар шитоб, Ойиша бигрехт баҳри эҳтиҷоб. З-он ки воқиф буд он хотуни пок Аз ғаюрии расули рашкнок. Ҳар кӣ зеботар бувад, рашкаш фузун, З-он ки рашк аз ноз хезад, ё банун! Гандапирон шӯйро қуммо диҳанд, Чунки аз зиштиву пирӣ огаҳанд. Чун ҷамоли аҳмадӣ дар ҳар ду кавн Кай будаст? Эй фарри яздониш авн. Нозҳои ҳар ду кавн ӯро расад, Ғайрат он хуршеди садтӯро расад. Ки дарафгандам ба кайвон гӯйро, Даркашед, эй ахтарон, ҳай, рӯйро. Дар шуъоъи беназирам «ло» шавед В-арна пеши нури ман расво шавед. Аз карам ман ҳар шабе ғойиб шавам, Кай равам? Илло намоям, ки равам. То шумо бе ман шабе хуффошвор Парзанон парред гирди ин матор. Ҳамчу товусон паре арза кунед, Боз масту саркашу мӯъҷиб шавед. Нангаред он пойи худро зиштсоз, Ҳамчу чоруқ, к-ӯ бувад шамъи Аёз. Рӯ намоям субҳ баҳри гӯшмол, То нагардед аз манӣ з-аҳли шимол. Тарки он кун, ки дароз аст он сухун, Наҳй кардаст аз дарозӣ амри «кун».
19/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|