Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Абушакури Балхӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари шашум

 
rumi

Имтиҳон кардани Мустафо алайҳиссалом Ойишаро разияллоҳу анҳо, ки чӣ пинҳон мешавӣ? Пинҳон машав, ки аъмо туро намебинад, то падид ояд, ки Ойиша разияллоҳу анҳо аз замири Мустафо алайҳиссалом воқиф ҳаст ё худ муқаллиди гуфти зоҳир аст?

Гуфт пайғамбар барои имтиҳон:
«ӯ намебинад туро, кам шав ниҳон».
Кард ишорат Ойиша бо дастҳо:
«ӯ набинад, ман ҳамебинам варо».
Ғайрати ақл аст бар хубии рӯҳ,
Пур зи ташбеҳоту тамсил ин нусӯҳ.
Бо чунин пинҳоние, к-ин рӯҳрост,
Ақл бар вай инчунин рашкин чарост?
Аз кӣ пинҳон мекунӣ? Эй рашкхӯ!
Он ки пӯшидаст нураш рӯйи ӯ.
Меравад бе рӯйпӯш ин офтоб,
Фарти нури ӯст рӯяшро ниқоб.
Аз кӣ пинҳон мекунӣ? Эй ракшвар!
К-офтоб аз вай намебинад асар.
Рашк аз он афзунтар аст андар танам,
К-аз худаш хоҳам, ки ҳам пинҳон кунам.
З-оташи рашки гароноҳанг ман,
Бо ду чашму гӯши худ дар ҷанг ман.
Чун чунин рашкестат, эй ҷону дил!
Пас даҳон барбанду гуфтанро биҳил.
Тарсам ар хомуш кунам, он офтоб
Аз сӯйи дигар бидарронад ҳиҷоб.
Дар хамӯшӣ, гуфти мо азҳар шавад,
Ки зи манъ он майл афзунтар шавад.
Гар биғуррад баҳр ғурра-ш каф шавад,
Ҷӯши «аҳбабту биан уъраф» шавад.
Ҳарф гуфтан бастани он равзан аст,
Айни изҳори сухан пӯшидан аст.
Булбулона наъра зан дар рӯйи гул,
То кунӣ машғулашон аз бӯйи гул.
То ба «қул» машғул гардад гӯшашон,
Сӯйи рӯйи гул напаррад ҳушашон.
Пеши ин хуршед, к-ӯ бас равшанест,
Дар ҳақиқат ҳар далеле раҳзанест.

Саҳифаи 20/140
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj