|
|
|
|
Ҳикояти он мутриб, ки дар базми амири турк ин ғазал оғоз кард: Аз ин ошуфтаи бедил чӣ мехоҳӣ, намедонам. Ва бонг барзадани турк, ки он бигӯ, ки медонӣ ва ҷавоби мутриб амирро
Мутриб оғозид пеши турки маст, Дар ҳиҷоби нағма асрори аласт: «Ман надонам, ки ту моҳӣ ё васан? Ман надонам, то чӣ мехоҳӣ зи ман? Менадонам, ки чӣ хидмат орамат? Тан занам ё дар иборат орамат? Ин аҷаб, ки нестӣ аз ман ҷудо, Менадонам ман куҷоам? Ту куҷо? Менадонам, ки маро чун мекашӣ? Гоҳ дар бар, гоҳ дар хун мекашӣ». Ҳамчунин лаб дар «надонам» боз кард, «Менадонам, менадонам» соз кард. Чун зи ҳад шуд «менадонам» аз шигифт, Турки моро з-ин ҳарора дил гирифт. Барҷаҳид он турку даббусе кашид, То «алайҳо» бар сари мутриб расид. Гурзро бигрифт сарҳанге ба даст, Гуфт: «На, мутрибкушӣ ин дам бад аст». Гуфт: «Ин такрори беҳадду мараш Кӯфт табъамро, бикӯбам ман сараш. Қалтабоно, менадонӣ, гуҳ мах(в)ар, В-ар ҳамедонӣ, бизан, мақсуд бар. Он бигӯ, эй гиҷ, ки медонияш, «Менадонам, менадонам» дармакаш. Ман бипурсам, к-аз куҷоӣ, ҳай мурӣ? Ту бигӯйӣ на зи Балху на-з Ҳарӣ. На зи Бағдоду на Мавсил, на Тароз, Даркашӣ дар «нею не» роҳи дароз. Худ бигӯ ман аз куҷоам, бозраҳ, Ҳаст танқеҳи манот ин ҷо балаҳ. Ё бипурсидам: «Чӣ хӯрдӣ ношитоб?» Ту бигӯйӣ: «На шаробу на кабоб». На қадиду на сариду на адас, Он чӣ хӯрдӣ, он бигӯ танҳову бас. Ин суханхойий дароз аз баҳри чист? Гуфт мутриб: «З-он ки мақсудам хафист. Мерамад исбот пеш аз нафйи ту, Нафй кардам, то барӣ з-исбот бӯ. Дар наво орам ба нафй ин созро, Чун бимирӣ, марг гӯяд розро».
21/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|