Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари шашум

 
rumi

Ташбеҳи муғаффиле, ки умр зоеъ кунад ва вақти марг дар он танготанг тавба ва истиғфор кардан гирад, ба таъзият доштани шиъаи аҳли Ҳалаб ҳар соле дар айёми Ошуро ба дарвозаи Антокия ва расидани ғариб шоир аз сафар ва пурсидан, ки ин ғирев чӣ таъзия аст?

Рӯзи Ошуро ҳама аҳли Ҳалаб
Боби Антокия-андар то ба шаб,
Гирд ояд марду зан ҷамъе азим,
Мотами он хонадон дорад муқим.
Нолаву навҳа кунанд андар буко,
Шиъа, Ошуро барои Карбало.
Бишмуранд он зулмҳову имтиҳон,
К-аз Язиду Шимр дид он хонадон.
Наъраҳошон меравад дар вайлу вашт,
Пур ҳамегардад ҳама саҳрову дашт.
Як ғарибе шоире аз раҳ расид
Рӯзи Ошурову он афғон шунид.
Шаҳрро бигзошт в-он сӯ рой кард,
Қасди ҷустуҷӯйи он ҳайҳой кард.
Пурс-пурсон мешуд андар ифтиқод:
«Чист ин ғам? Бар кӣ ин мотам фитод?
Ин райиси зафт бошад, ки бимурд?
Инчунин маҷмаъ набошад кори хурд.
Номи ӯ в-алқоби ӯ шарҳам диҳед,
Ки ғарибам ман, шумо аҳли деҳед.
Чист ному пешаву авсофи ӯ?
То бигӯям марсия з-алтофи ӯ.
Марсия созам, ки марди шоирам,
То аз ин ҷо баргу лоланге барам».
Он яке гуфташ, ки ҳай, девонаӣ,
Ту найӣ шиъа, адувви хонаӣ.
Рӯзи Ошуро намедонӣ, ки ҳаст
Мотами ҷоне, ки аз қарне беҳ аст?
Пеши мӯъмин кай бувад ин ғусса хор?
Қадри ишқи гӯш ишқи гӯшвор?
Пеши мӯъмин мотами он покрӯҳ
Шӯҳратар бошад зи сад тӯфони Нӯҳ.

Саҳифаи 23/140
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj